ВидеоРӯйдодҳои БадахшонСиёсат

РАМАЗОН РАҲИМЗОДА: ВАЗЪ ДАР БАДАХШОН ОРОМ ШУД, АММО…

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода рӯзи 13 декабр дар Хоруғ дар ҷаласаи ҷамъбасти 11 моҳи фаъолияти оперативӣ-хизматии  мақомоти милитсияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гуфт, “бо талошу кӯшишҳои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазъ имрӯз дар вилоят ба эътидол омада, мардум ба кору зиндагӣ машғул ҳастанд.”

Ба ақидаи генерал-полковник Раҳимзода, вилояти Бадахшон “дар партави дастгириву ғамхориҳои президент Эмомалӣ Раҳмон” сол аз сол рушду тараққӣ ёфта истодааст, “аммо роҳбарон ва аъзоёни гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ бо содир намудани ҷиноятҳо, аз қабили муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, қочоқи силоҳ ва сангҳои қиматбаҳо вазъияти ҷомеаро дар шаҳри Хоруғ ноором сохта, ба ин амалҳои ҷинояткоронаи худ ноболиғону ҷавононро ҷалб карда истодаанд.”

Дар ин бора сомонаи расмии ВКД Тоҷикистон хабар дод. Бино ба ин манбаъ, дар ин ҷаласаи ҷамъбастӣ дар Хоруғ сардори раёсати корҳои дохилии ВМКБ генерал-майор Рустам Мирзомуродзода дар бораи натиҷаҳои фаъолияти хизматӣ дар самтҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҳуқуқвайрокуниҳо дар байни ноболиғону ҷавонон, бозрасии давлатии автомобилӣ, мубориза бо муомилоти ғайриқонунӣ воситаҳои нашъадор ва самтҳои дигари фаъолияти милитсияи вилоят ҳисобот додааст.

Ин ҷаласаи ҷамъбастии мақомоти милитсияи Бадахшон дар ҳоле доир шуд, ки дар поёни моҳи ноябр ин вилоят ба мавҷи нави эътирозҳо рӯбарӯ шуд.

Ҳангоми амалиёти боздошт кушта шудани ду сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа сабаб шуд, ки рӯзи 25 ноябр садҳо нафар эътирозгарон ҷасадҳои  кушташудагон дар рӯи даст дар кӯчаҳои шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии ВМКБ раҳпаймоӣ карда, дар охир  дар майдони назди бинои ҳукумати вилоят бо талаби ба ҷавобгарӣ кашондани гунаҳкорони марги Гулбиддин Зиёбеков ва Тӯтишо Амиршоевро талаб карданд.

Эътирозҳо дар Хору 4 рӯз: то шоми 28 ноябр давом кард ва дар ҷараёни нооромиҳо дар умум се сокини Бадахшон кушта ва дастикам 16 кас захмӣ шуданд. Ҳамзамон мақомот дар бораи захмӣ шудани 12 тан аз кормандони мақомоти қудратӣ хабар доданд.

Эътирозҳо шоми 28 ноябр дар пайи музокироти тӯлонии мақомот бо намояндагони тазоҳургарон ва пазируфтани чанд талаби онҳо ба анҷом расид. Мақомот аз ҷумла розӣ шуданд, ки қазияи марги сокинони Бадахшонро зери назари намояндагони эътирозгарон тафтиш карда, касеро барои иштирок дар эътирозҳои рӯзҳои 25-28 ноябр ба ҷавобгарӣ накашанд.

Барои таҳқиқи ҳодисаҳои ахир таҳти раҳбарии додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон як гуруҳи махсуси иборат аз 20 намояндаи мақомот ва 6 намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсис дода шуда, Юсуф Раҳмон, Рамазон Раҳимзода, инчунин Саймумин Ятимов инак тақрибан ду ҳафта боз дар Хоруғ қарор доранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button