
Комиссияи варзишии аёлати Невадаи Амрико (Nevada Athletic Commission, NAC) ду размандаи ҷангҳои бидуни қоида (ММА), аз ҷумла варзишгари 26-сола аз Тоҷикистон Муин Ғафуророво аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳо маҳрум кард, чунки натиҷаҳои ташхиси допинги ҳарду дар моҳи сентябр натиҷаи мусбат додаанд. Дар ин бора рӯзи 14 декабр сомонаи расмии MMA Fighting хабар дод.
Муин Ғафуров, маъруф бо лақаби Муин-Тоҷик, ва варзишгари 29-солаи лаҳистонӣ Лукаш Бржески 7 сентябри соли ҷорӣ дар рақобатҳои ниҳоии силсилаи Дана Уайт мутаносибан бо Чад Анҳелигер аз Канада ва Дилан Поттер аз Амрико қувваозмоӣ карданд.
Дар сурати пирӯзӣ, Муин метавонист нахустин размандаи тоҷик дар UFC бишавад ва бо Дана Уайт қарордод бандад, вале ӯ аз рақиби канадагиаш шикаст хӯрд ва ба ин орзуяш расида натавонист.
Лукаш Бржески бар Дилан Поттер ғолиб омад ва бо UFC қарордод ҳам баст, вале баъди ин моҷарои допинг пирӯзии ӯро бекор ва худашро барои 9 моҳ, яъне то моҳи июни соли 2022 аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳо маҳрум карданд.
Муин-Тоҷик барои ним сол, яъне то моҳи марти соли 2022 наметавонад дар мусобиқаҳо иштирок кунад.
Комиссияи варзишии Невада Муин-Тоҷик ва Бржескиро ҳамчунин ба маблағи 750-долларӣ ҷарима ҳам баст.