ВидеоМуҳоҷирон

ЯК ҶАВОНИ 20-СОЛАИ ТОҶИКРО ДАР МАСКАВ БА ГАРДАНАШ КОРД ЗАДААНД (ВИДЕО)

Як ҷавони 20-солаи зодаи Тоҷикистонро, ки дар ширати “Яндекс.Еда”  ба ҳайси ғизорасон (курйер) кор мекард, дар шаҳри Маскав дар истгоҳи автобуси “Рязанский проспект” аз гарданаш корд задаанд. Дар ин бора рӯзи 14 декабр Telegram-канали Shot бо нашри як видео аз маҳалли ҳодиса хабар дод. Дар видео дида мешавад, ки курткаи ғизорасон ва қуттии зарди ғизорасонӣ бо логотипи «Яндекс. Еда» дар рӯи хараки истгоҳ гузошта шудаанд.

Бино ба иттилои ин канал, ҳамлагар 40 сол дошта, аз вилояти Кемерово ва дар ҳолати ҳамла ба ҷавони тоҷик масти лояқил будааст. Ӯро дастгир кардаанд.

“Ҳамлагар фарёд кашидааст: “Ана ҳамин гуна ғизорасонҳо маро аз ҷои кор маҳрум карданд!” Вай сипас ба ғизорасони “Яндекс.Еда” ҳамла карда, бо корд ба гарданаш задааст” – гуфта мешавад дар хабар бо такя ба шоҳидони ҳодиса.

Бино ба иттилои нашрия, ҷавони тоҷик ҷароҳати вазнин бардошта, хунаш зиёд рафтааст. Ӯро дар ҳолати миёнаи вазнин дар бемористон бистарӣ кардаанд.

Дар ширкати “Яндекс” ба Телеграм-канали Shot гуфтаанд, ки: “Мо аз ин ҳодиса ба шок афтодаем ва дар робита бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор дорем. Кӯшиш карда истодаем, ки ғизорасонро пайдо кунем ва ба  ӯ кумак расонем.”

Дар ширкати “Яндекс” ҳамчунин гуфтаанд, ғизорасонҳое, ки ба ҳайси шарик бо хадамоти “Яндекс.Еда” ҳамкорӣ мекунанд, ҳар кадомаш ба маблағи то 2 миллион рубл суғурта карда шудаанд ва ҳамчунин ба онҳо кумаки ҳуқуқии бепул расонда мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button