ВидеоИқтисод

ҲОСИЛИ ПАХТАИ ТОҶИКИСТОН ИМСОЛ АЗ 400 ҲАЗОР ТОННА ГУЗАШТ

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар дод, ки то 10 декабри соли 2021 дар ҷумҳурӣ 405 ҳазору 911 тонна пахта ҷамъоварӣ кардаанд. Имсол дар Тоҷикистон дар майдони 173 ҳазору 945 гектар пахта кишт карда буданд. Ба ин тартиб, ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар 23,3 сентнер ҳосил ҷамъоварӣ шудааст.

Бино ба омори расмии вазорати кишоварзӣ, дар вилояти Хатлон  аз 121 ҳазору 236 гектар майдони кишти пахта  276 ҳазору 832 тонна ҳосил ба даст овардаанд, ки ин қариб 70% аз ҷамъи пахтаи имсол дар тамоми ҷумҳурӣ ҷамъовардаро ташкил медиҳад. Кишоварзони вилояти Суғд имсол дар майдони 49 ҳазору 679 гектар замин пахта кишт карда, 122 ҳазору 654 тонна ҳосил ғундоштаанд.  6 ҳазору 409 тонна ҳосили боқимондаи пахтаро аз 3007 гектар майдони кишт хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (водии Ҳисор) супурдаанд. 

Ва аммо дар ҷараёни мавсими пахтачинӣ бархе сокинони водии Вахши вилояти Хатлон шикоят карда буданд, ки мақомоти маҳаллӣ бо мақсади баланд нишон додани дастовардҳои худ  хоҷагиҳоеро, ки имсол пахта кишт накарда буданд, маҷбур карда истодаанд, ки аз корхонаҳои коркарди пахта ПК (санади супурдани ҳосили пахта) биоранд. Ба гуфтаи сокинон, корхонаҳои пахта барои санади ҳар тонна пахта то 200 сомонӣ мегиранд ва барояшон аслан фарқ надорад, ки хоҷагии деҳқонӣ пахта киштааст ё на?

Дар даврони Шӯравӣ пахта маҳсулоти асосии Тоҷикистон ба шумор мерафт ва онро “тиллои сафед” ҳам меномиданд. Дар он даврон Тоҷикистон ҳар сол то 1 миллион тонна пахта ҷамъ меовард.  Солҳои охир дар Тоҷикистон солона то 300 ҳазор тонна пахта ҷамъ меоварданд. Соли 2020 бори аввал нақшаи солонаи пахтаро аз ҳадди 400 ҳазор тонна боло бурданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button