ВидеоНомаҳо ба президентҲуқуқи инсон

ДОДГОҲИ ОЛӢ ПАРВИЗ ДАВЛАТОВРО БА 5 СОЛУ 4 МОҲИ ЗИНДОН МАҲКУМ КАРД

Додгоҳи олии Тоҷикистон Парвиз (Лутфулло) Давлатов, як мақоми баландпояи ширкати “Мегафон” ва фарзанди Давлаталӣ Давлатзода, муовини собиқи Эмомалӣ Раҳмон дар раҳбарии ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистонро ба 8 соли зиндон маҳкум кардааст, вале билофосила бар асоси қонуни афв, ҳукми ӯро то 5 солу 4 моҳи зиндон пойин овардааст.

Хабаргузории Азия Плюс ва пойгоҳи хабарии Your.tj  бо истинод ба наздикони  маҳкумшуда хабар доданд, ки Додгоҳи олӣ ҳукми Парвиз Давлатовро шоми 14 декабр эълон кардааст.

Парвиз Давлатов, тавре қаблан Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дод, ба азобу уқубат айбдор мешуд. Вале ҳоло гуфта мешавад, ки додгоҳ ӯро ҳамчунин ба бисёрзанӣ ва расондан ба ҳолати худкушӣ айбдор донистааст.

Муҳокимаи парвандаи Азиза Давлатова,  ҳамсари аввали Парвиз Давлатов ва гумонбаршавандаи асосӣ дар азобу уқубати маъшуқаи шавҳараш Мадина Мамадҷонова,  дар Додгоҳи олӣ ҳанӯз идома доштааст.

Мадина Мамадҷонова, сокини шаҳри Душанбе, охири моҳи августи имсол дар ҳолати беҳушӣ ба беморхона бурда шуд. Ба гуфтаи табибон, ӯро чунон буғӣ карданд, ки чанд муддат ба майнаи сараш ҳаво (кислород) нарафтааст ва дар натиҷа, як қисми мағзи сари Мадина аз кор мондааст. Ин қазия вақте мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт, ки фаъолони ҷомиаи шаҳрвандӣ ба роҳбарони кишвар муроҷиат карданд ва ҷараёни тафтишотро Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе шахсан зери назорати худ гирифт. Маълум шуд, ки мақомоти милисаи ноҳияи Сино моҳи сентябр аъмоли Азиза Давлатоваро ба қонуни афв “туғрӣ” кунонда, кушодани парвандаи ҷиноятӣ ба зидди ӯро рад кардаанд.

Танҳо баъди ин қазияро зери назорати худ гирифтани Рустами Эмомалӣ ва ин масъаларо дар ҷаласаи ҳукумат бардоштани президент Эмомалӣ Раҳмон дар аввали моҳи ноябр, қазия барои тафтиши дубора баргардонда шуда, Парвиз Давлатов ва Азиза Давлатоваро ба ҳабс гирифтанд ва сардори ШВКД-2 ноҳияи Сино Зафар Исмоилзода ва муовинаш Истам Машрафзода,  муовини аввали додситони ноҳияи Сино  Сӯҳроб Салимзода, ҳамчунин Шукур Раҳимов, муовини сардори шуъбаи тафтишоти ШВКД-2 ноҳияи Сино, ки то расондан ба марҳалаи афв муфаттиши нахустини қазияи азобу уқубати Мадина Мамадҷонова будааст, аз мақомҳояшон барканор карда шуданд. Рустами Эмомалӣ ва Эмомалӣ Раҳмон талаб карданд, то тамоми мансабдороне, ки ба коррупсия роҳ дода, пора гирифтанд ва ин парвандаро пӯшонданд, ба ҷавобгарӣ кашонда шаванд.

Аммо Машраф Истамзода билофосила баъди барканориаш ба мансаби боз ҳам баландтари муовини сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд таъйин шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button