ВидеоДин ва боварҳоРӯйдодҳои БадахшонЧеҳраҳо

ДАР ЗОДРӮЗИ ОҒОХОН НАҚЛИЁТИ ШАҲРӢ ДАР ХОРУҒ БА МАРДУМ БЕПУЛ ХИДМАТ КАРДААСТ

Рӯзи 13 декабр, ба муносибати зодрӯзи 85-уми имоми исмоилиёни ҷаҳон шоҳзода Карим Оғохони IV, ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сокинон бепул хидмат кардаанд. Muzaffar Imomdod дар Фейсбук хабар дод, ки имсол нафақат ронандагони маршруткаҳо, балки ҳатто ронандагони такси низ аз муштарийн пул нагирифтаанд.

 “Имрӯз ба шарафи зодрӯзи ИМОМи мо, таксиҳои хусусӣ ва нақлиёти шаҳрӣ  дар Хоруғ барои ҳама сокинони шаҳр комилан бепул буд. Бо Шумо ифтихор мекунам!!!” – навиштааст Muzaffar Imomdod.

Ҳар сол дар зодрӯзи Оғохон, рӯзи ба тахт нишастанаш ва ҳамчунин дар рӯзи бори аввал аз Бадахшони Тоҷикистон боздид кардани ӯ ронандагони маршруткаҳо дар Хоруғ ба мардум бепул хидмат мерасонанд. Чанд сол пеш ҳамаро рафтори як аробакаши бозори Хоруғ, ки низ ба шарафи ҷашни Ҳозиримом дар аробааш “хидматрасонӣ – бепул” наишта буд, ҳамаро ончунон ба вайд овард, ки барояш ҳисоби хайрия кушода, маблағи бузурге ҷамъ оварданд.

Рӯзи 13 декабр шоҳзода Карим Оғохони IV, раҳбари исмоилиёни ҷаҳон ба синни мубораки 85 расид. Оғохони чорум аз соли 1957, инак 64 сол боз раҳбарии исмоилиёни дунёро бар ӯш дорад ва яке аз пурнуфузтарин шахсиятҳои ҷаҳони Ислом дар арсаи диниву сиёсии дунёи имрӯза  эътироф шудааст. Чор сол пеш Созмони Милали Муттаҳид ҷоизаи солонаи Пешвои ҷаҳонро ба се шахсият ва ду созмон, аз ҷумла ба шоҳзода Карим Оғохони чорум супурд ва ӯро яке аз чемпиoнҳои рақами як дар роҳи ислоҳи ҷаҳони имрӯза унвон карда буд.

Аксари сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ва вилояти Бадахшони Афғонистон низ пайрави мазҳаби Исмоилия буда, Оғохонро  раҳбари рӯҳонии худ медонанд ва Ҳозиримом номаш мебаранд. Шоҳзода Карим Оғохон бори аввал моҳи майи соли 1995 аз Бадахшони Тоҷикистон боздид кард ва рӯзи аввалин сафари ӯ ба ин минтақа ҳамчун Рӯзи Нур ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.

Аммо имсол зодрӯзи Оғохони чорум дар рӯзҳое фаро расид, ки авзоъ дар ҳарду Бадахшони ҳам Тоҷикистон ва ҳам Афғонистон ором нест. Бадахшони Афғонистон таҳти султаи ҷангҷӯёни ҳаракати Толибон қарор гирифтааст ва Бадахшони Тоҷикистон дар поёни моҳи ноябр ба нооромиҳое рӯбарӯ шуд, ки се сокини ин вилоятро кушта ва дастикам 16 тани дигарро захмӣ ба ҷо гузошт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button