ДАР ДУШАНБЕ ЯК ПИРАЗАНРО ФИРЕБ ДОДА, ХОНААШРО ДАР БОНК БА ГАРАВ ГУЗОШТААНД

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ошкор шудани боз ду ҳолати қаллобӣ хабар дод.
Аз ҷумла марди 45-солаи сокини пойтахт бо ариза муроҷиат намудааст, ки моҳи августи соли 2017 марди 43-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ якчанд маротиба ба маблағи 38 ҳазор доллари амрикоӣ масолеҳи сохтмонӣ барои тиҷорат гирифта, ваъда додааст, ки дар мудати кӯтоҳ маблағҳояшро бармегардонад, аммо то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ҳамчунин ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза зани 75-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки марди 65-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар шаҳри Душанберо, дар бонк ба маблағи 9 ҳазор-доллари амрикоӣ ба гарав гузошта, ваъда додааст, ки маблағҳои гирифтаашро дар муддати 1 сол бармегардонад. Аммо он мард маблағи гирифтаро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, то ҳол барнагардонидааст.
Оид ба ҳолатҳои мазкур тафтишот идома дорад.