ВидеоҶомеа

ОШКОР ШУДАНИ ШАБАКАИ ФОҲИШАХОНАҲО ДАР ЗЕРИ НИҚОБИ МЕҲМОНХОНА ДАР МАҲАЛЛАИ 32-ЮМИ ХУҶАНД

Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар дод, ки як зани 40-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони ташкили шабакаи фоҳишахонаҳо дастгир шудааст.

Майор Акбар Шарифӣ, сухангӯи милитсияи Суғд гуфт, ин зан 10 ҳуҷраро дар маҳаллаи 32-юми шаҳри Хуҷанд аз соҳибонаш ба иҷора гирифта, фаъолияти соҳибкориашро дар самти меҳмонхонадорӣ ба роҳ мондааст.

“Гӯё чунин аст, аммо милитсия ошкор намуд, ки дар асл дар ин макон зери ниқоби меҳмонхона фоҳишахона ташкил шудааст. Дар рафти санҷиши ҳуҷраҳои меҳмонхона кормандони милитсия дар 3 ҳуҷра ҷуфтҳои шаҳватпарастро берун оварданд, ки бо пардохти аз 100 то 150 сомонӣ соҳиби шароит гаштаанд.Хизматрасонии соатбайъ ҳамчун услуби мойилсозанда аз ҷониби соҳибкор истифода шудааст. Яъне аз 100 то 150 сомонӣ маблағи пулӣ гирифта маъмурияти меҳмонхона иҷозат медод, ки афроди шаҳватпараст муваққатан аз ҳуҷраҳо истифода баранд”, – гуфта мешавад дар хабар.
Акбар Шарифӣ менависад, ки сокинони соҳиби чунин имконият аз манзилҳои иловагии худро ба иҷора дода, аз ин ҳисоб даромади иловагӣ ба даст меоранд. “Аммо дар хотир бояд дошт, ки чунин намуди дарёфти даромад набояд чаҳорчӯби қонунро шиканад”, – афзудааст ва ҳамин қазияи ба фоҳишахона табдил додани хонаҳои мардум дар маҳалли 32-юми шаҳри Хуҷандро мисол овардааст. Ин, ба навиштаи Акбар Шарифӣ, “ҷинояти ахлоқӣ аст ва моддаи 239 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташкил ва нигохдошти фоҳишахона, ё даллагӣ ҷавобгариро муқаррар кардааст.”

Ба зидди зани дастгиршуда низ бар асоси моддаи 239 парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба ӯ бар асоси қисми якуми ин модда ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи аз 60 то 120 ҳазор сомонӣ ваё то 5 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад. Вале агар аъмоли ин зан ҳамчун амали гуруҳи муташаккил таъбир шавад, ӯро то 8 сол ҳукми зиндон мунтазир аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button