
Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 13 декабр хабар дод, ки нисбат ба Мамадҷон Солиев, омӯзгори мактаби миёнаи №11 шаҳри Бӯстон (собиқ Чкаловск) бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.
Маркази матбуоти агентӣ дар шарҳи ин парванда гуфт: “Шаҳрванд “А” ба Агентӣ бо ариза муроҷиат карда, хоҳиш намуд, ки нисбати омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №11-и шаҳри Бӯстони вилояти Суғд, бо номи Солиев Мамадҷон чораҳои қонунӣ андешида шавад. Зеро номбурда оиди омода карда додани шаҳодатномаи хатми мактаб барои синфи 11 аз ӯ маблағи пулии 1 000 доллари ИМА талаб карда, аз ин маблағ 500 доллари ИМА-ро гирифта боқимонда 500 доллари ИМА-и дигарашро талаб карда истодааст.”
Дар натиҷа, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ аз тарафи кормандони Агентӣ, Мамадҷон Солиев баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани 500 доллар боздошт карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ аз ӯ дарёфт ва гирифта шудааст.
Агентӣ гуфт, нисбат ба Солиев Мамадҷон бар асоси моддаи 247, қисми 2 бандҳои «в,г» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми қаллобӣ бо истифода аз мақоми хидматӣ, ки боиси расондани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд шудааст, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии ин парванда идома дорад. Ба омӯзгори мактаб бар асоси ин банди қонун ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи аз 365 то 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда = 60 сомонӣ, ё чизе бештар аз 5 доллар) ваё аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.
Назари худи муаллим ваё адвокату наздикони ӯ дастрас нашудааст.
Соҳаи маориф яке аз соҳаҳои фасодзада дар Тоҷикистон дониста мешавад, вале то кунун бо ҷурми даст доштан дар коррупсия асосан устодони мактабҳои олӣ ба даст меафтоданд. Мавридҳои барои порагирӣ дастгир шудани омӯзгорони мактабҳои миёна дар Тоҷикистон ангуштшумор буд.