ВидеоҲуқуқи инсон

“ОБЛАВА” ТО ҲОЛ ДАВОМ ДОРАД? ЯК ҶАВОНРО АЗ ФУРУДГОҲИ КӮЛОБ РОСТ БА АРТИШ БУРДААНД

Муаллиф: Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Навоварӣ дар облава? Дар Кӯлоб ҷавонеро мустақиман аз ҳавопаймо ба артиш бурданд

Сокини 20-солаи шаҳри Турсунзодаро мустақиман аз зинапояи ҳавопаймо дар фурудгоҳи Кӯлоб боздошт карда,  ба комиссари ҳарбии ноҳияи Ҳамадонӣ  бурдаанд ва аз онҷо ба артиш сафарбар кардаанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” яке аз пайвандони ҷавон хабар дод. Лекин дар Фурудгоҳи байнулмилалии Кӯлоб изҳор намуданд, ки дар бораи ин ҳодиса хабар надоранд. Ин ҷавон ҳоло дар як қисми низомии мустақар дар Турсунзода хидмат мекунад.

Ба гуфтаи наздикони ҷавон, ӯ 2 сол инҷониб барои пулкоркунӣ дар Русия қарор дошта, 9 декабр пас аз фаҳмидани бемории бибиаш таъҷилан ба ватан омадааст.

“Ҷавон бо хатсайри Калуга-Кӯлоб омада, волидонаш ӯро дар хона интизор будаанд, лекин ногаҳон занг зада, хабар медиҳад, ки ба дасти “сарбозшикорчиён” афтодааст. Кормандони фурудгоҳ ба ӯ гуфтаанд, ки ҷавонро ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҳамадонӣ бурдаанд ва сумкаи писарашро ба ӯ додаанд”, – иброз дошт хешовандаш.

Ба қавли ӯ, пас аз ин падари ҷавон ба Ҳамадонӣ меравад, лекин дар он ҷо ҳам писарашро пайдо намекунад.

Бо гузашти як шабонарӯз ҷавон худаш занг зада, хабар медиҳад, ки дар комиссариати ҳарбии шаҳри Бохтар қарор дорад ва ба наздикӣ ӯро ба қисми ҳарбӣ сафарбар мекунанд.

“Вақте ки падараш ба Бохтар меояд, миёнаравоне пайдо шуда, ба ивази раҳоии фарзандаш аз ӯ маблағи барояш хеле зиёдро талаб мекунанд, лекин ӯ розӣ намешавад. Рӯзи 12 декабр ҷиянамро ба яке аз қисмҳои ҳарбии шаҳри Турсунзода фиристоданд”, – гуфт хеши наваскар.

Дар ҳамин ҳол, Қурбон Сафаров, муовини директори Фурудгоҳи байнулмилалии Кӯлоб ба “Азия-Плюс” дар ин робита хабар дод, ки баъди анҷоми маъракаи даъват ӯ дигар кормандони комиссариатҳои ҳарбиро дар наздикии фурудгоҳ надидааст.

“То анҷоми даъват чанде бо либоси мулкӣ назди даромадгоҳи фурудгоҳ меистоданд, лекин зиёда аз як ҳафта аст, ки онҳоро дар ин ҷо мушоҳида накардаам. Дар бораи “шикор” (облава)-и ҷавони 20-сола чизе нашунидаам ва хабар надорам”, – иброз дошт ӯ.  Вале мудири фурудгоҳ дар посух ба саволи чӣ гуна ба дасти падараш расидани сумкаи ҷавон ӯ мушкилӣ кашид.

“Сарбозшикор” дар донишгоҳҳо”

Боз дар бораи як ҳодисаи “сарбозшикор” ба “Азия-Плюс” корбари расона хабар дод. Ӯ дар бораи ногаҳон аз донишгоҳ хориҷ шудан ва ба артиш бурдани бародараш нақл кард.

“Бародари хурдии ман Фурқатҷон Рӯзиев дар факултаи “Киммиё ва биология”и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд таҳсил мекард. То ин дам ӯ мудом дар дарсҳо иштирок мекард ва пули шартномаи таҳсилро саривақт пардохт кард. Лекин 7 декабр ӯро аз донишгоҳ гирифта, ба комиссариати ҳарбӣ бурдаанд. Аз куҷое дар китоби давомоти донишгоҳ зиёда аз 48 соат аломати ғоиб будан дар дарс” (НБ) пайдо шудааст”, – навиштааст корбар.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи ҳамсабақонаш мегӯянд, ки ӯ дар ҳамаи машғулиятҳо ҳузур дошт.

Ҳамон рӯз ӯро аз донишгоҳ хориҷ карда, ба артиш мебаранд. Куҷост адолат ва мо ба кӣ бовар кунем?, – савол медиҳад корбар.

То замони омода шудани хабар “Азия-Плюс” бо Вазорати мудофиа дар тамос шуда натавонист, то ки аз рӯи ин далелҳо шарҳ бигирад.

Ёдрас мекунем, ки чанде пеш сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода ба “Азия-Плюс” хабар дода буд, ки ҳанӯз 30 ноябр маъракаи даъваи тирамоҳӣ ба хидмати ҳарбӣ ба охир расида, нақшаи даъват 100% иҷро шудааст, лекин дар ҳамин ҳол, зикр кард, ки дар шаҳру навоҳӣ аллакай омодагӣ ба даъвати баҳорӣ оғоз шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button