ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲУШДОР: ҲАВО ДАР ТОҶИКИСТОН ТО 16 ДЕКАБР ХЕЛЕ САРД МЕШАВАД

Бино ба пешбинии Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон, то 16 декабри соли 2021 дар ҷумҳури ҳаво якбора сард мешавад. Дар водиҳо интизор меравад, ки борон борида, ба барфи тар табдил ёбад. Вале дар манотиқи кӯҳистон ва кӯҳдоман дар давоми ин ҳафт барфбориҳои шадид пешбинӣ карда мешаванд. Бино ба пешбинии ҳавошиносон, ба истиснои Бадахшон, дар боқӣ қаламрави Тоҷикистон туман ҳам мефарояд. Ба ҳисоби миёна, дар ин ҳафта ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар водиҳо ва манотиқи кӯҳдоман, тибқи ҷадвали Селсий, аз 8 то 10 дараҷа сардтар мешавад.

Дар робита ба чунин якбора бад шудани вазъи обуҳаво, Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз сокинон хостааст, ки дар ин шаби рӯзи сардиҳо ҳангоми истифодаи дастгоҳҳои барқии гармидиҳанда қоидаҳои бехатарии зидди сӯхторро қатъиян риоя кунанд, нирӯи барқро сарфакорона истифода баранд ва ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо, бахусус дар роҳҳои кӯҳистон ва ағбаҳо қоидаҳои ҳаракат дар роҳро низ қатъиян риоя кунанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сокинон хост, то дар ин рӯзҳо  бидуни зарурати оҷил тавассути роҳҳои кӯҳистон ҳаракат накунанд, аз анҷоми корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, моҳигирӣ,  ҷамъоварии ҳезум дар кӯҳҳо худдорӣ кунанд, вобаста ба вазъи обу ҳаво либоси гарм пӯштанд, ҷӯю каналҳои обпарторо тоза кунанд ва турбаҳои бухориҳояшонро як бори дигар тоза кунанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳама хостааст, ки дар ин шабу рӯзи сардӣ худро эҳтиёт кунанд!

Ҳушдор ва тавсияҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: То 16 декабр ҳаво сард мешавад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар то 16-уми декабри соли 2021 ҳаво сард мешавад, борон дар водиҳо ба барфи тар табдил мегардад. Дар минтақаҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳӣ барфи шадид меборад. Ба истиснои ВМКБ дар аксар қаламрави кишвар туман дар назар дошта шудааст. Дар водиҳо ва ноҳияҳои наздикӯҳӣ дамои ҳаво 8-10 0С коҳиш  меёбад.

Ба сабаби бад шудани обу ҳаво Кумита аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад ҳангоми истифодаи асбобҳои барқӣ барои гарм кардани хонаҳо қоидаҳои бехтарӣ аз сӯхторро ҷиддан риоя кунанд, барқро сарфаҷӯёна истифода намоянд.

Ҳамчунин ба хотири таъмини бехатарӣ дар роҳҳо ва ағбаҳо Кумита ба ронандагон тавсия медиҳад, ки:

– мошинро қабл аз сафар аз назар гузаронед;

– чархҳои мошинатонро бо чархҳои зимистонӣ иваз намоед. Мошинҳои калони боркашро бо таҷҳизоти зидди яху лағзиш таъмин кунед, вақте ба роҳи дур ба сафар мебароед, бояд донед, ки шумо бо роҳҳои кӯҳӣ дар фасли сард сафар доред;

– дар бордони мошинатон ҳатман либосҳои гарм дошта бошед, фонус, бели хурд, банд барои кашидани мошин, бушкаи пур аз сӯзишворӣ барои эҳтиёт, гугирд, термоси пури оби гарм ва ғайраро низ фаромӯш накунед;

-ҳамеша дорухонаи мошинатонро нав кунед;

– бо ҳамон суръате мошин ронед, ки бехатарии шуморо таъмин карда тавонад, ҳангоми убур аз назди мактабҳо, чорроҳаҳо, пулҳо, гардишҳо ва нишебиҳо  эҳтиёт кунед;

 – ҳангоми ҳаракат бо роҳҳои кӯҳӣ фосилаи бештари байни мошинҳоро риоя намоед, ин фосила бештар аз фосилаи маъмулӣ бошад;

– ба хотири гузаштан аз барфтӯда набояд тунду тез ҳаракат кард;

– агар шумо мошинатонро то оғози сардиҳо омода карда натавонистед ва ё таҷрибаи кофии мошинронӣ надоред, пас  маслиҳат он аст, ки дар чунин боду ҳаво аз сафар худдорӣ намоед;

-тавсияҳои ВКД, КҲФ дар бораи маҳдудиятҳои ҳаракат дар баъзе аз қисматҳои роҳҳоро дар мавридҳои эҳтимоли лағзиши тарма ва резиши санг риоя намоед;

– шабонгаҳон ва лаҳзаву соатҳое, ки ҳаво торик аст, ҳаракат дар роҳҳоро маҳдуд кунед.

Ғайр аз ин КҲФ ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки боми худро аз ғарами барф тоза нигоҳ доред. Мошинҳои худро зери дарахтон нагузоред. 

Бо мақсади бемор нашудан ва гирифтори касалиҳои мавсимӣ нагаштан Кумита тавсия медиҳад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ниқоб пӯшед, бахусус дар нақлиёт ва дар ҷойҳои пурҷамъият. Истифодаи маҳлулҳои антисептикиро фаромӯш нанамоед, фосилаи иҷтимоиро низ риоя кунед.

КҲФ аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳо равуоҳои безаруратро  маҳдуд кунанд, бахусус сафар бо роҳҳои кӯҳӣ агар зарурат надорад, метавонед то хуб  шудани ҳаво онро мавқуф гузоред.

Рафтан ба моҳидорӣ, сайдгоҳ барои шикор, ғунучини ҳезум низ маслиҳат нест.

Кӯшиш кунед дудбарои хонаҳои худро ба хотири заҳролуд нашудан аз гази карбон ҳамеша тоза нигоҳ доред. 

ЭҲТИЁТ КУНЕД ВА ҶОНИ ХУДУ ҶОНИ АТРОФИЁНАТОНРО ДАР ХАТАР НАГУЗОРЕД!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button