ВидеоТаърихЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ ДИПЛОМАТЕ, КИ ГУРЕЗАҲОИ ТОҶИКРО АЗ АФҒОНИСТОН БАРГАРДОНД

Ҳоҷӣ Сангмуҳаммад Зуҳурзода, дипломати собиқадори тоҷик, рӯзи 11 декабр баъди бемории тӯлонӣ аз олам чашм пӯшид. Маросими намози ҷанозаи марҳум рӯзи 12 декабр пеш аз намози пешин дар масҷиди Имоми Аъзам дар маҳаллаи 65-уми шаҳри Душанбе доир шудааст.

Мирзошариф Ҷалолов, сафири Тоҷикистон дар Япония навиштааст, Сангмуҳаммад Зуҳурзода бахусус дар баргардонидани гурезаҳои тоҷик аз Афғонистон нақши боризе аз худ ба ҷо гузошт: “Рӯҳи акаи Сангмуҳаммад шоду ёдаш гиромӣ бод! Инсони софдиле буданд, бо ҳама бо табассум ва бепарда сӯҳбат мекарданд. Хизматҳояшон дар ҷодаи дипломатия, аз ҷумла дар баргардонидани шаҳрвандони гурезаи мо аз Афғонистон сутуданӣ ва шоистаи ёдоварист. Ёдашон ҳамеша дар дилҳо хоҳад монд.

Онҳое, ки Ҳоҷӣ Сангмуҳаммад Зуҳурзодаро мешиносанд, мегӯянд, ӯ ба баргардонидани гурезаҳои тоҷик на хотири амри боло, балки сидқан машғул шуд ва дар ин роҳ заррае аз худ дареғ намедошт, ҳар коре ки аз дасташ меомад, мекард. Ин аст, ки тақрибан ягон гурезае намонд, ки аз Афғонистон пас наоварда бошанд.

Ин ҳам гуфтанист, ки баргардонидани гурезаҳо дар баробари қатъи задухӯрдҳои мусаллаҳона аз ангуштшумор бандҳои созишномаи сулҳи соли 1997 буд, ки пурра иҷро шуданд. Боқӣ бандҳои он қарордоди сулҳ нимкора дар рӯи коғаз монд.

Дипломати тоҷик Музаффар Мунавварзод бо нашри як акси пур аз хандаи Ҳоҷӣ Сангмуҳаммад Зуҳурзода дар Фейсбук навиштааст, “марҳум дар зиндагӣ он гуна, ки дар сурат мебинед, ҳамеша як хандаи зебо ва самимӣ дошт, хеле хайрхоҳ буд, бо хурду бузург муомилаи яксон мекард. Роҳи дарози пуршараферо тай кард ва дар кадом мақоме фаъолият дошт, бомасъулият ва ҳалолкор буд. Падари беҳтарин буд, фарзандони хуберо ба воя расонд, онҳоро ҷобаҷо намуд ва хонаву боғи зебое низ бунёд кард, яъне дар назди Худованд ҳамаи қарзҳои инсонии худро анҷом дод.

Ҳоҷӣ Сангмуҳаммад Зуҳурзода дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омада, шуъбаи форсии риштаи машҳури шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда буд ва солҳои тӯлонӣ ба ҳайси тарҷумон, рӯзноманигор, омӯзгор фаъолият карда, дар солҳои 90 ба вазорати хориҷа ба кори дипломатӣ омад. Ӯ ба ҳайси мушовир ва консул дар Афғонистону Эрон кор кард.

Аз дипломатҳои таҷрибадор ва ҳирфаии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон буд, яъне як шахсияти сиёсӣ ва бонуфуз буд. Аммо касе такаббур ва ғурури ӯро надидааст. Дасткушоду сахӣ ва бонамак буд. Баъди бознишаста шудан дар ҳавлияш ба зироату боғдорӣ машғул буд. Дӯстонро ба хонааш зиёд даъват мекард ва суҳбатҳои ширине дошт. Дардошно буд, аз ҳоли тамоми дӯстонаш суроғ мекард. Ҳаҷҷи фарзиро низ ҳамроҳи ҳамсараш ба ҷо овард ва баъди ин худашро комилан хушбахт эҳсос мекард”, – менависад Музаффар Мунавварзод.

Ӯ ҳамчунин ёдовар шудааст, ки ду моҳ қабл аз маргаш хабари бемори сахт буданашро шунида, ҳамроҳи ҳамкории ҷавонаш Амриё Бобоев  ба аёдаташ рафтаанд. “Моро, ки дид аз беморияш фаромӯш кард, як як аз ҳамкорон пурсид, чанд латифаи намакин гуфт… ва дар охир гуфт, ки васияташро ба аҳли хонаводааш расонд, яъне аз наздик будани сафари охираташ паём дод. Ба худ андешидам, ки чӣ қадр марди хирадманд аст ва бояд мо низ аз ӯ ибрат бигирем”, – навиштааст Музаффар Мунавварзод.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button