ВидеоДин ва боварҳоРӯйдодҳои БадахшонЧеҳраҳо

ЧЕМПИОНИ №1: ЗОДРӮЗИ 85-УМИ ОҒОХОНИ ЧОРУМ – ИМОМИ ИСМОИЛИҲОИ ДУНЁ

Рӯзи 13 декабр шоҳзода Карим Оғохони IV, раҳбари исмоилиёни ҷаҳон ба синни мубораки 85 расид. Оғохони чорум аз соли 1957, инак 64 сол боз раҳбарии исмоилиёни дунёро бар ӯш дорад ва яке аз пурнуфузтарин шахсиятҳои ҷаҳони Ислом дар арсаи диниву сиёсии дунёи имрӯза  эътироф шудааст. Чор сол пеш Созмони Милали Муттаҳид ҷоизаи солонаи Пешвои ҷаҳонро ба се шахсият ва ду созмон, аз ҷумла ба шоҳзода Карим Оғохони чорум супурд ва ӯро яке аз чемпиoнҳои рақами як дар роҳи ислоҳи ҷаҳони имрӯза унвон карда буд.

Аксари сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон низ пайрави мазҳаби Исмоилия буда, Оғохонро  раҳбари рӯҳонии худ медонанд ва Ҳозиримом номаш мебаранд. Шоҳзода Карим Оғохон бори аввал моҳи майи соли 1995 аз Бадахшони Тоҷикистон боздид кард ва рӯзи аввалин сафари ӯ ба ин минтақа ҳамчун Рӯзи Нур ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.

Аммо имсол зодрӯзи Оғохони чорум дар рӯзҳое фаро расид, ки авзоъ дар ҳарду Бадахшони ҳам Тоҷикистон ва ҳам Афғонистон ором нест. Бадахшони Афғонистон таҳти султаи ҷангҷӯёни ҳаракати Толибон қарор гирифтааст ва Бадахшони Тоҷикистон дар поёни моҳи ноябр ба нооромиҳое рӯбарӯ шуд, ки се сокини ин вилоятро кушта ва дастикам 16 тани дигарро захмӣ ба ҷо гузошт.

Шоҳзода Карим Оғохон 13 декабри соли 1936 дар шаҳри Женеваи Швейтсария ба дунё омадааст. Падари ӯ Алӣ Салмон Хон ва модараш Тоҷуддавла Алӣ Хон (Ҷоанн Ярд Баллер, духтари барон Чёрстон) мебошанд.

Карим Оғохон маълумоти миёнаро дар Institut Le Rosey – яке аз мактабҳои машҳури Швейтсария гирифта, соли 1959 Донишгоҳи Ҳарварди Амрико – яке аз мӯътабартарин мактабҳои олии ҳам Амрикову ҳам дунёро хатм кардааст.Карим Оғохон дар ҷавониаш варзишгар ҳам буд ва соли 1964 дар Олимпиадаи зимистона дар Инсбруки Австрия дар мусобиқаи лижаронӣ ширкат кард.

 Бобои ӯ Муҳаммад Оғохони III қабл аз вафоташ мақоми имоми исмоилиҳоро на ба яке аз ду писараш, балки ба наберааш Карим Оғохон васият кард. Карим Оғохон 11 июли соли 1957, баъди вафоти бобояш замоне ба мақоми имоми исмоилиҳо расид, ки ҳамагӣ 21 сол дошт ва ҳанӯз донишҷӯи Ҳарвард дар риштаи таърихи Ислом буд. Дар пайи расидан ба мақоми имоми исмоилиҳои дунё маликаи Британия Елизавета ба Шоҳзода Карим Оғохон унвони “Аълоҳазрат”-ро ато кард.

Оғохон 49-умин имоми шиъаёни исмоилӣ ва насли 49-ум аз фарзандони Алӣ ибни Абӯтолиб ва Фотимаи Заҳро (духтари Паёмбари Ислом ҳазрати Муҳаммад (с)) мебошад,

Шоҳзода Карим Оғохон тавонист дар давраи раҳбариаш бар исмоилиёни ҷаҳон дар заминаи ниҳодҳои мазҳабӣ шабакаҳои хеле қавии тиҷоратӣ, хайрия ва маорифиро бунёд кунад. Сандуқи Оғохон дар ҳоли ҳозир яке аз бузургтарин созмонҳои хайрия ва маърифатӣ ба шумор меравад, ки ба садҳо ҳазор нафар дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон кумак мерасонад. Сокинони Бадахшони Тоҷикистон мегӯянд, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ маҳз кумакҳои хайрияи Бунёди Оғохон мардуми ин вилоятро аз чанги гуруснагӣ раҳонд.

Шабакаҳои Оғохон ҳамчунин муассиси Донишгоҳи Оғохон дар Покистон ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бо бахшҳояш дар Хоруғи Тоҷикистон ва Норини Қирғизистон мебошанд. Ҳамин тавр, дар Торонтои Канада як Маркази бузурги Исмоилиҳо ва Осорхонаи Карим Оғохон бунёд шудаанд. Нирӯгоҳи Помир-1, шабакаи меҳмонхонаҳои Серена ва ширкати ТСел Тоҷикистон аз муассисаҳои иқтисодиву тиҷоратиест, ки аз тарафи шабакаҳои Оғохон чархонда мешаванд.

Шоҳзода Карим Оғохон 4 фарзанд дорад: шаҳдухт Заҳро Оғохон, шаҳзода Раҳим Оғохон ва шаҳзода Ҳусейн Оғохон аз ҳамсари аввалаш Бегим Салима Оғохон ва шаҳзода Алӣ Муҳаммад Оғохон аз ҳамсари дуюмаш Бегим Инора Оғохон.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button