ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистон

ВКД: КАСЕ ДАР КӮЛОБ БА МАРДУМИ РОҲИИ БАДАХШОН ТАҲДИД НАКАРДААСТ

ВКД Тоҷикистон иддаои шоҳидон дар бораи гӯё субҳи 11 декабр дар баромадгоҳи шаҳри Кӯлоб ба самти ноҳияи Ш.Шоҳин дар шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ аз ҷониби як гуруҳи шахсони ношинос манъ кардани мошинҳо бо рақамҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (04)  ва ба мусофирону ронандагони роҳии Бадахшон таҳдид кардани онҳоро рад кард. Сардори маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон Нусратулло Маҳмадзода  баъд аз суҳбати телефонӣ бо мақомоти милитсияи Кӯлоб ба хабаргузории “Азия Плюс” гуфт, ки чунин ҳодиса рӯй надодааст.

Қаблан яке аз шоҳидон – мусофири яке аз мошинҳои роҳии Бадахшон бо телефон ба “Азия Плюс” хабар додааст, ки субҳи шанбе, 11 декабр дар баромадгоҳи шаҳри Кӯлоб пеши роҳи онҳоро “беш аз 20 ҷавон” гирифтанд. Онҳо гуфтаанд, аз як филми мустанад дар телевизион хабар ёфтанд, ки гӯё дар ноҳияи Рӯшон як ронандаи мошини боркаш аз минтақаи Кӯлобро манъ карда, 1700 сомониашро гирифтаанд.

“Онҳо ба мусофирон таҳдид мекарданд ва талаб доштанд, ки сокинони Рӯшон барои чунин муносибаташон ба он ронанда узр бипурсанд”, – хабар додааст ҳамсуҳбати “Азия Плюс”. Ӯ гуфтааст, ки дар байни он гуруҳи ҷавонон ягон нафар бо либоси мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набуд. Ҳамсуҳбати “Азия Плюс” ҳамчунин гуфтааст, ки ин ҳодисаро сабт карда натавонистанд, чунки он гуруҳи ҷавонон талаб кардаанд, ки касе телефонашро набарорад.

Тасдиқи ин иддао аз ҷониби манобеи дигар муяссар нашуд. Вале мақомот рӯй додани чунин як ҳодисаро қатъиян рад мекунанд.

Шоми 9 декабр тавассути ТВ “Бадахшон” ва шабакаҳои иҷтимоӣ филми мустанади сохтаи КДАМ бо номи “Нерӯи қонун” намоиш дода шуд, ки дар он ҳодисаҳои ахири Бадахшон кори дасти “саркардаҳои гуруҳҳои ҷиноӣ” ва Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъа, ки марги ӯ сабаби эътирозҳи ахир шуд, “ҷинояткор” ном бурда мешавад. Дар ин филм ҳамчунин иддао мешуд, ки аз нооромиҳои ахир дар Бадахшон гуруҳҳои ҷиноӣ сӯиистифода карданд ва роҳҳоро дар дохили вилоят баста, аз ронандагони раҳгузар пул талаб мекарданд.

Ёдовар мешавем, дар ҷараёни ҳодисаҳои рӯзҳои 25-28 ноябр дар Бадахшон се сокини ин вилоят ба ҳалокат расида, дастикам 16 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. КДАМ аз захмӣ шудани 12 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар дод.

Эътирозҳо дар Хоруғ баъди 4 рӯз бо музокироти роҳбарони ВМКБ бо намояндагони эътирозгарон ва пазируфтани чанд талаби онҳо ба анҷом расид. Мақомот аз ҷумла розӣ шуданд, ки марги Зиёбеков ва дигар сокинони дар ҳодисаҳои ахир кушташударо якҷо бо намояндагони эътирозгарон таҳқиқ кунанд. Мақомот ҳамчунин кафолат доданд, ки ягон нафар барои иштирок дар эътирозҳои рӯзҳои 25-28 ноябр ба ҷавобгарии на ҷиноӣ ва на маъмурӣ кашида нахоҳад шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button