ВарзишВидео

МУШТЗАНИ ТОҶИК МИҶГОНА САМАДОВА СОҲИБИ ҶОМИ ҶАҲОНИИ БОКС БАЙНИ КИШВАРҲОИ НАФТӢ ШУД (ВИДЕО)

Муштзани тоҷик Миҷгона Самадова дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми ҷаҳон миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нефт” дар вазни 57кг сазовори медали тилло шуд. Ин мусобиқаи бокс аз 7 то 11 декабр дар шаҳри Нижневартовски Русия доир шуд. Аз байни 7 узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс Миҷгона Самадова  танҳо нафаре буд, ки дар ин мусобиқа соҳиби медал шуд ва он ҳам медали тилло. Вақте ки пирӯзии Миҷгонаро дар финал эълон карданд, муштзани тоҷик аз шодӣ инони гиряро сар дод.

Бино ба иттилои сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Миҷгона Самадова дар вазни 57кг миёни бонувон муҳориба карда,  рӯзи 7 декабр дар даври аввал бар Мишидма Эрденеделай (Муғулистон), дар чорякфинал 8-уми декабр бар Моника Серафин (Полша), дар нимфинал 9-уми декабр бар Малика Шаҳидова (Россия) ва рӯзи 11-уми декабр дар рақобати ниҳоӣ дар финал бар Мунгунсаран Балсан (Муғулистон) дастболо шуд.

Дар мусобиқа, 6 варзишгари дигар аз Тоҷикистон – Акбаралӣ Абдураҳмонзода (51кг), Абдураҳмон Ёқубов (60кг), Шамшер Саидов (67кг), Наврӯз Ҷафоев (86кг), Сулаймон Нидоёров (+92кг) миёни мардҳо ва Шоира Зулқайнарова (60кг) миёни бонувон низ иштирок доштанд, вале ҳамаи онҳо дар рақобатҳои аввал ноком шуданд ва дигар касе соҳиби медал нашуд.

Дар Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нефт  дар Нижневартовск, ки аз рӯи 13 категорияи вазнӣ миёни мардҳо ва 6 категорияи вазнӣ миёни бонувон сурат гирифт, 139 варзишгар (105 мард ва 34 зан) аз 16 давлат иштирок карданд.

Миҷгона Самадова зодаи ноҳияи Восеъ ва устоди дараҷаи байналмилалӣ, курсанти курси 4-уми факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сержанти хурди милитсия мебошад. Миҷгона Самадова соли 2017 барандаи медали тиллоӣ дар бозиҳои Осиё дар шаҳри Ашқобод, соли 2019 дар шаҳри Москва барандаи медали биринҷӣ ва моҳи майи соли 2021 дар шаҳри Дубай дар чемпионати  бокси касбии Осиё барандаи медали биринҷӣ гардидааст.


Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button