ВидеоМуҳоҷирон

ҲУКМИ ЯК ЗАН АЗ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ҶАЛБИ ДУХТАРАШ БА ТАЛБАНДАГӢ ДАР РУСИЯ

Як зани 34-сола аз Тоҷикистон дар ҷумҳурии Ингушистони Русия барои ҷалби духтари 11-солааш ба талбандагӣ дар назди масҷиди марказии шаҳри Малгобек ба як соли зиндон маҳкум шуд. Вале додгоҳи Малгобек бо назардошти инки Тасинова Г. саробонии чор кӯдаки хурдсолро ба уҳда дорад, ӯро шартан маҳкум кардааст.

Садҳо нафар аз ҷӯгиҳо аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳар сол барои талбандагӣ ба вилоятҳои мусалмоннишинии Русия, аз ҷумла ба ҷумҳуриҳои Қафқози шимолӣ мераванд. Сокинони маҳаллӣ бисёр вақт онҳоро тоҷик ё ӯзбек гумон мекунанд ва дар зеҳни бисёриашон чунин тасаввур ҳосил шудааст, ки  тоҷикону ӯзбекон зиндагии худро бо талбандагӣ пеш мебаранд.

Прокуратураи ҷумҳурии Ингушистон хабар дод, ки додгоҳи шаҳри Малгобек ахиран парвандаи ҷиноятии зани 34-солаи шаҳрванди Тоҷикистон Тасинова Г.-ро бар асоси қисми дуюми моддаи 151 Кодекси ҷиноятии Русия (ҷалби ноболиғ аз ҷониби волидон барои ба таври доимӣ машғул шудан ба талбандагӣ)  баррасӣ кардааст.

 “Муайян карда шуд, ки ин зан соли 2020 дар ҳудуди масҷиди марказии шаҳри Малгобек ба таври мунтазам аз тариқи дасти худро дароз кардан ва аз одамони бегона пул ва дигар чизҳои арзишманд талбидан духтари 11-солаи худро ба машғул шудан ба талбандагӣ ҷалб кардааст. Бо ин рафтор ин зан пеши роҳи рушди маънавӣ ва равонию ҷисмонии кӯдаки ноболиғро мегирифт”, – гуфта мешавад дар иттилоияи додситонӣ.

Додгоҳ бо дарназардошти гуноҳи худро эътироф кардан ва саробонии чор кӯдаки хурдсолро ба уҳда доштани ин зан, ӯро ба як соли шартии зиндон маҳкум карда, барояш 6 моҳ муҳлати санҷишӣ муқаррар кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button