ВидеоИқтисодМуҳоҷирон

57% МУҲОҶИРОН МЕХОҲАНД ДАР РУСИЯ БИМОНАНД. МАОШИ МИЁНАИ ОНҲОР 47 ҲАЗОР БУДААСТ (ВИДЕО)

Беш аз нисфи муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, ки беш аз 5 сол боз дар Русия кор мекунанд, мехоҳанд, ки барои доим дар ин кишвар бимонанл. Дар ин бора дар эфири «Национальная служба новостей» раҳбари Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов бо такя ба  натиҷаҳои назарсанҷие хабар дод, ки ин федератсия ҳамроҳ бо Макатаби олии улуми иҷтимоии Донишгоҳи давлатии Маскав бар асоси пурсиши назар 4739 муҳоҷир аз Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон – се кишвари асосии муҳоҷирфиристи Осиёи Марказӣ анҷом додаанд.

Коженов гуфт: “Онҳое, ки тоза ба Русия омадаанд, бештар дар фикри баргаштан будаанд.  Аз муҳоҷироне, ки собиқаи корашон дар Русия камтар аз 3 сол аст, танҳо 30% фикри барои доим дар инҷо истоданро доранд. Аммо дар байни онҳоест, ки беш аз 5 сол боз инҷоянд, хоҳишмандони бозгашт ба Ватан камтар аст. 57% онҳо мехоҳанд дар Русия бимонанд.”

57% пурсидашудаҳо маоши паст дар кишварҳояшон, ҳудуди 30% набуди ҷои кор ва 18% дар умум сатҳи пасти зиндагиро сабаби азми худ барои кӯчидан  ба Русия барои зиндагии доим ном бурдаанд. Ин дар ҳолест, ки бино ба эътирофи худи муҳоҷирон, танҳо 22% онҳо дар Русия дар як рӯз 8 соат кор мекунанд. 27%  –  аз 8 то 10 соат, 27% –  аз 10 то 12 соат ва 24%  ҳар рӯз аз 12 соат бештар кор мекардаанд.

 “Бар асоси натиҷаҳои пурсиш, маоши миёнаи муҳоҷирон дар Русия 47 ҳазору 100 рублро ташкил медиҳад. Вале маоше, ки худи муҳоҷирон орзуяшро доранд, ба ҳисоби миёна 77 ҳазору 200 рубл будааст”, – нақл кард Коженов.

Маоши миёнаи аз ҳама баланди муҳоҷирон — 54 ҳазор рубл дар соҳаи сохтмон ва маоши аз ҳама паст — наздики 36 ҳазор рубл дар соҳаи кишоварзӣ буда, сатҳи маош аз чӣ қадар забони русиро донистани муҳоҷирон низ хеле вобаста будааст. Муҳоҷироне, ки русиро хуб медонанд, ба ҳисоби миёна 49 ҳазор рубл ва онҳое, ки хуб намедонанд, ҳамагӣ 37 ҳазор рубл маош мегирифтаанд.

Ва бар хилофи бовари аксар наздики 90% муҳоҷирон дар манзилҳои иҷора ё хонаҳои дӯстону хешовандони худ зиндагӣ мекардаанд, на дар вагону таҳхонаҳо. Муҳоҷирон дастрасӣ ба хадамоти тиббиро як мушкили асосии худ дар Русия ном бурдаанд. 60% муҳоҷирон гуфтаанд, ки бо аҳолии маҳаллӣ дар Русия ягон мушкил надоранд.

Бино ба иттилои ВКД Русия, дар моҳҳои январ-сентябри соли 2021, беш аз 6 миллион аз шаҳрвандони Ӯзбекистону Тоҷикистон ва Қирғизистон дар мақомоти муҳоҷирати Русия сабти ном кардаанд ва 5,2 миллион нафари онҳо гуфтаанд, ки ба Русия маҳз ба ҷустуҷӯи кор омадаанд.

Барои ин 3 кишвари Осиёи Марказӣ пулҳое, ки муҳоҷиронашон аз Русия мефиристанд, як манбаи асосии таъмини рӯзгори аксари оилаҳо ба шумор меравад.

Дар нимаи аввали соли 2021 аз Русия ва асосан аз ҷониби муҳоҷирон ба Ӯзбекистон 2 миллиарду 270 миллион доллар , ба Қирғизистон 951 миллион доллар ва  ба Тоҷикистон  755 миллион доллар пул фиристодаанд. Соли 2020 аз Русия ба Тоҷикистон 1,7 миллиард доллар пул ирсол шуда буд, ки ин назар ба соли 2019, охирин соли то пандемия, 800 миллион доллар, ё 32% камтар буд. Соли гузашта аз Русия ба Ӯзбекистон 4,4 миллиард ва ба Қирғизистон, қариб баробари Тоҷикистон, 1,7 миллиард доллар пул интиқол дода буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button