ВидеоМуҳоҷирон

ТАЛАБИ ҲУКМИ АБАД БА ШОҲНАЗАР БАРОИ ҚАТЛИ ШАБНАМ ВА ПАДАРАШ ҲОҶИҚУРБОН

Дар додгоҳи кишвари Перми Русия мурофиаи парвандаи пурсарусадои қатли бераҳмонаи Шабнами 21-солаи ҳомила ва падари 48-солааш Ҳоҷиқурбон  ба поён мерасад. Дар қатли ин зодагони Тоҷикистон шавҳари 26-солаи Шабнам Шоҳназар Шозафаров айбдор мешавад. Рӯзи 10 декабр айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ барои Шозафаров ҳукми ҳабси умрбод талаб кард. Ин ҳадди аксари ҷазо дар Русия барои қатли ду нафар, аз ҷумла зани ҳомила, тибқи қисми дуюми моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Русия аст. Интизор меравад, ки додгоҳи кишвари Перм ҳукми худро рӯзи 27 декабр эълон кунад.

Ёдовар мешавем, рӯзи 3 феврали соли 2021 дар кӯчаи Есенини маҳаллаи Заостровкаи шаҳри Перм Шабнам Шозафароваи  21-сола ва падари 48-солаи ӯ Ҳоҷиқурбонро куштанд. Ҷасади оғӯшта ба хун ва сарбуридаи Шабнамро дар даруни хона ва ҷасади падарашро дар кӯча пайдо карданд. Дар ин ҷиноят билофосила домоди хонавода – шавҳари Шабнамро гунаҳкор карданд.

Бино ба фарзияи тафтишот, Шоҳназар Шозафаров он рӯз аввал дар дохили хона Шабнамро кушта, сарашро аз тан ҷудо кардааст ва сипас дар рӯи ҳавлӣ бо падари Шабнам Ҳоҷиқурбон рӯбарӯ шуда, ӯро низ бо ҳудуди 60 зарбаи корд ба ҳалокат расондааст.

Нашрияҳои маҳаллӣ хабар дода буданд, ки ҳамон рӯзи 3 феврал дар кӯчаи Есенин ҳудуди 100 нафар аз зодагони Тоҷикистон ҷамъ омаданд, ки мехостанд худашон ҷазои Шозафаровро барои қатли ҳамсар ва падарарӯсаш бидиҳанд, вале пулис ӯро аз ин “самосуд” наҷот дод.

Дар ҷараёни тафтишот Шоҳназар Шозафаров ду дафъа мавриди ташхиси тиббии рӯҳию равонӣ қарор гирифт ва ҳарду ташхис ба хулосае омад, ки ҳангоми қатли ҳамсару падарарӯсаш ақлаш дар сараш буд. Худи Шозафаров дар рафти тафтишот ба гуноҳи худ иқрор карда гуфтааст, ки Шабнам мехост аз вай ҷудо шавад ва кӯдаки батнашро исқоти ҳамл (аборт) кунад, падараш ҳам аз ин тасмими ӯ пуштибонӣ мекард ва ҳамин боиси низоъи хунине шуд, ки бо чунин фоҷиа анҷомид.

Аз Шабнам ду фарзанди хурдсол – як писар ва як духтар ятим монд. Нигоҳубини онҳоро амаки Шабнам ба дӯши худ гирифт ва кӯдаконро ба Тоҷикистон бурд.

Ҷанозаҳои Шабнаму падарашро ҳам модари мотамзадаи ин ҷавонзан барои гӯручӯб ба Тоҷикистон бурд. Ин хонавода аз Тоҷикобод буда, падару модари Шабнам тақрибан 30 сол пеш, дар оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ба Перм кӯчида омада буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button