АфғонистонВидеоНуқтаи назарСиёсат

“ҶАМЪИ ПУШТУНИЗАТСИЯИ ТАМОМИ КИШВАР…”

Қосимшоҳ Искандаров, саркотиби илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мусоҳиба бо хабаргузории “Ховар” гуфт, Афғонистон зери султаи мутлақи ҳаракати Толибон дигарбора ба пойгоҳи терроризми байнмлилалӣ табдил меёбанд.

Ба ақидаи Қосимшоҳ Искандаров ваъдаи Толибон, ки ҳоло мегӯянд, қасди дахолат дар умури ҳеҷ кишвари дигарро надоранд, қоибил боварӣ нест.

Шояд, ба далели дар ихитёрашон надоштани имконот ва захираҳо, дар кӯтоҳмуддат онҳо кӯшиши дахолат дар умури кишварҳои дигарро накунанд. Вале қарори махлум, дар Афғонистон чандин гуруҳи дигари террористӣ мавҷуд аст, ки қасди эҷоди мушкилот барои кишварҳри ҳамсояро дар сар доранд, вале Толибон мақсади гирифтани пеши роҳи онҳоро надорад, балки аз онҳо пуштибонӣ мекунанд. Аз тарафи дигар, дар таркиби Толибон низ шумори зиёде аз ҷиҳодиҳо ва ҷангҷӯёни ифротӣ ҳаст, ки ҷиҳодро барои мусалмонон фарз мешуморанд ва то замоне, ки дар Афғонистон режими “Аморати исломӣ” бо идеологияи ҷиҳодӣ дар сари қудрат аст, кишварҳои ҳамсоя эҳсоси амн нахоҳанд кард”, – гуфтааст Қосимшоҳ Искандаров дар мусоҳиба бо раҳбари “Ховар” Саидалии Сиддиқ.

 Ин таҳлилгари тоҷик таъсири идеологии ба қудрат расидани Толибонро паҳлуи дигари ин масъала номидааст. “Фикр мекунед, дар Осиёи Марказӣ одамоне, ки аз пирӯзии Толибон шод шуданд, каманд? Ҳаргиз. Мавҷудияти чунин режим исломгароён, ба истилоҳ “шуъбаҳои хуфта” дар кишварҳои Осиёи Марказиро руҳбаланд мекунад. Вақте ки Толибон ба пирӯзӣ ноил шуд ва кишварҳои дигар инро эътироф ва бо Толибон ҳамкорӣ мекунанд, гуруҳҳои дигар низ умед ба  расидан ба чунин рӯз мебанданд”, – гуфтааст Қосимшоҳ Искандаров.

Афғонистоншиноси тоҷик ёдовар шудааст, ки дар Афғонистон созмонҳои зиёди террористие, чун Ал – Қоида, Ҳаркати исломии Ӯзбекистон, Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ, Ансоруллоҳ, Лашкари Тайиба, ДОИШ–Хуросон, Катибат–ал–Имом Бухорӣ амал мекунанд ва “то кунун ягон аломат ва далеле дар даст нест, ки Толибон равобиташ бо ин созмонҳоро қатъ карда бошад.”

Баракс, афзудааст Қосимшоҳ Искандаров, “мову шумо медонем, ки дар ҳатто дар ҷангҳои ахир дар Панҷшер ҳам ҷангҷӯёни хориҷӣ иштирок доштанд.”

Ҷангҷӯёни ҳаракати Толибон дар аввали моҳи август дар пешорӯи хуруҷи нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ дар байни ҳамагӣ чанд рӯз қариб тамоми қаламрави Афғонистон, бо шумули пойтахташ, шаҳри Кобулро ғасб карда, аз таъсиси “Аморати исломии Афғонистон” хабар доданд.

Танҳо вилояти Панҷшер ва минтақаи Андаробҳои вилояти Бағлон ба Толибон бе ҷанг таслим нашуданд. Дар ин ду минтақа  ба зидди Толибон таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд, фарзанди Аҳмадшоҳи Масъуд  Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон шакл гирифтааст, ки муҳраи асосиашро тоҷикҳо ташкил медиҳанд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чандин бор гуфт, агар Толибон дар ҳукумати худ ба тоҷикҳо ва дигар ақалиятҳои қавмӣ ҷойгоҳи сазовор қоил нашаванд, Душанбе ҳукумати онҳоро эътироф нахоҳад кард. Толибон дар посух Тоҷикистонро ба дахолат дар умури худ айбдор карда, бархе намояндагонаш ҳатто таҳдид карданд, ки агар ҷомиаи байналмилалӣ монеъ нашавад, дар 24 соат Тоҷикистонро тасарруф хоҳанд кард.

Матни пурраи мусоҳибаи Қосимшоҳ Искандаровро инҷо бихонед:

“ПЛЮС ПУШТУНИЗАЦИЯ ВСЕЙ СТРАНЫ…”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button