ВарзишВидео

ФАРИДУН ОДИЛОВ АЛАКАЙ ДАР ДАВРИ АВВАЛИ РАҚИБАШ АЗ ИСПАНИЯРО ШИКАСТ ДОД (ВИДЕО)

Шаби 10 декабр дар Маскав, дар яке аз рақобатҳои асосии мусобиқаи ҷангҳои бидуни қоида  Eagle FC 43  размандаи тоҷик Фаридун Одилов дар вазни миёна тавонист унвони қаҳрамониро  ҳифз ва рақибаш аз Испания Эноко Торресро шикаст диҳад.

Фаридун Одилов, намояндаи бошгоҳи “Ахмат” (Тоҷикистон) тавонист алакай дар даври аввал, баъди 3 дақиқаю 45 сония Эноко Торресро ба нокаути фаннӣ фиристад. Баъди онки размандаи испанӣ бар асари зарбаи сахти Фаридун ба рӯи фарш афтод, довар идомаи рақобатро қатъ карда, пирӯзиро пеш аз муҳлат ба размандаи тоҷик дод.

Ба ин тартиб, Фаридун Одилов тавонист унвони қаҳрамониро пеши худ нигоҳ бидорад.

Дар дигар рақобатҳои шоми 10 декабр дар Маскав Сергей Калинан дар даври дуюм бар Хаёл Искандаров ғолиб омад. Боз як размандаи Русия Гамзат Хирамагомедов рақибаш аз Бразилия Ҷулианео Дел Вигнуро алакай дар даври якум ба нокаут фиристод.

Фаридун Одилов 29  сол дошта, то имрӯз дар  10 рақобат пирӯзӣ ба даст оварда, ду маротиба шикаст хӯрдааст ва ду рақобати дигарашро мусовӣ анҷом додааст. Моҳи феврали соли 2021 Фаридун Одилов дар мусобиқаи Eagle Fighting Championship 33 Сергей Калининро дар даври чоруми рақобат шикаст дода буд.

Довталаби нокомшудаи унвони қаҳрамонӣ Эноко Торрес 37 сол дошта, дар ҳисоби худ то имрӯз 23 пирӯзӣ ва 11 шикаст дошта, як рақобатро мусовӣ анҷом дода буд. Торрес  аз ин пеш моҳи июл дар мусобиқаи Hombres De Honor 106 MMATauro Франсиско Гатикаро дар даври якум шикаст дода буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button