ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ БОЗ ЯК СОКИНИ ДУШАНБЕ БО 14 ҲАЗОР “ХЛОПУШКА” (ВИДЕО)

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 11 декабр хабар дод, кормандони милитсяи як ҷавони 26-солаи сокини шаҳри Душанберо бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир кардаанд. “Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 14 ҳазору 572 дона маводи тарфгарии пиротехникӣ дарёфт ва гирифта шуд”, – гуфта мешавад дар иттилоия.

Ба ин ҷавон бар асоси моддаи 199, иловаи 1, Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҷарима ба андозаи аз 200 то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (муодили аз 12 ҳазор то 30 ҳазор сомонӣ) ваё аз як то 2 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Дар Тоҷикистон воридот, хариду фурӯш ва истеҳсолу паҳн намудани маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ, ё хлопушка) манъ карда шуда, дар Кодекси ҷиноятии ҷумҳурӣ моддаи махсуси 199, иловаи 1 илҳоқ шудааст, ки барои ин ҳамчун ҷазо аз ҷарима то ҳукми зиндонро пешбинӣ мекунад.

Ҳар сол дар арафаи Соли нави мелодӣ, бавижа дар моҳи декабр мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар бораи боздошти даҳҳо нафар бо иттиҳоми ғайриқонунӣ ворид кардану ба фурӯш гузоштани маводи тарфгарӣ  ва мусодираи ҳазорон адад чунин мавод хабар медиҳанд.

Имсол низ истисно нест. Танҳо дар ҳафтаи ҷорӣ ВКД Тоҷикистон дар бораи боздошти дастикам 45 нафар ва мусодираи ҳудуди 400 ҳазор “хлопушка” хабар дод.

Аз ҷумла аз сокини Кӯлоб Самандар Даминов, соли таваллудаш 1995, мақомоти милитсия 232 ҳазору 200 дона маводи гуногуни тарфгарӣ мусодира кардаанд. Ҳамин тавр, Билол Фарҳодов,  соли таваллудаш 2003, сокини шаҳри Бӯстон  ва донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хизмат дар Душанбе бо 120 ҳазор дона “хлопушка” ба даст афтод. Ҳамчунин аз як ноболиғ дар шаҳри Бӯстон 24 ҳазор дона ва аз як ноболиғи дигар дар Турсунзода 3500 дона маводи тарфгарии навъҳои “хлопушка” ва “Трения” мусодира кардаанд.

Мақомот мегӯянд, садои баланду гӯшхароши “хлопушка” оромии шаҳрвандон ва фазои идонаро дар рӯзҳои таҷлили Соли нав халалдор карда,  ба саломатии шаҳрвандоне, ки гирифтори бемориҳое, чун диабети қанд ё бемориҳои қалбанд, хатар эҷод мекунад ва ҳамин тавр, метавонад сабаби ҳодисаҳои нохуше, чун сӯхтор ё осеб дидани шаҳрвандон бар асари таркидани маводи тарфгарӣ шавад.

Аммо ҳомиёни ҳуқуқ қарори манъи “хлопушка”-ро дар қарорҳое, чун манъи даъвати дӯстону ҳамкорон ба ҷашни зодрӯз ё маҳдуд кардани шумораи меҳмонону ҳатто номгӯи таом дар маъракаҳои тӯю азои мардум аз қарорҳои аҷибулғариби ҳукумати кунунӣ меноманд, ки дар берун аз кишвар мавриди хандахариш қарор дода мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button