ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: 12 ТОННА ПАХТАИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҚАЗОҚИСТОН БА КОМИ ОТАШ РАФТ

Хабаргузории қазоқии МИА “Казинформ” рӯзи 11 декабр бо истинод ба мақомоти ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Атирау хабар дод, ки дар ҳудуди ин вилоят 12 тонна пахтае, ки аз Тоҷикистон ба Туркия бурда мешуд, ба коми оташ рафтааст.

Хадамоти матбуоти департаменти ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Атирау гуфт: “Сӯхтор дар шоҳроҳи Атирау – Мангистау дар наздикии шаҳри Қулсарии ноҳияи Жилиой рӯй додааст. Бо далели ҳанӯз норӯшан бордони мошини боркаши тамғаи DAF оташ гирифтааст.  Ин мошин бо 12 тонна нахи пахта аз Тоҷикистон ба Туркия мерафт. Тамоми бори мошин сӯхта, хокистар шудааст. Вале касе осеб надидааст”.

Дар ҳафтаи равон ин алакай дуюмин  мавриди расонаишудаи садамаҳои ронандагони тоҷик дар қаламрави Қазоқистон аст.

Ахиран гузориш шуда буд, ки як шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо мошини мошинкаши тамғаи Mercedes-Benz Astors-1836 LNRA/M  аз Литва ба Тоҷикистон мошинҳои сабукрав мебурд, соати якуними шаби 8 декабр дар ҳудуди вилояти Қизил Ӯрдаи Қазоқистон дучори садама шудааст.

Сомонаи пулиси Қазоқистон Polisia.kz хабар дод, ки ба ин ронандаи тоҷик кормандони пулис и ноҳияи Қармақшии вилояти Қизил Ӯрда кумак  расонданд. Бино ба иттилои пулиси Қазоқистон, мошине, ки дар он чанд мошини сабукравро бор карда буданд, дар шоҳроҳи Самара Шимкент дар ҳудуи деҳаи Елшибойи ноҳияи Қармақшӣ ба иллати ях бастани роҳ ба тарафи чап и роҳ лағжида, сипас чаппа шуд.

Корманди пулиси дидбонӣ зуд ба ҷои ҳодиса расида, бо ёрии крани махсус мошинҳои чаппашударо ба рӯи чархҳои худашон рост карда, сипас боз ба мошини грейдер бор кардаанд.

Ронандаи тоҷик, ки исмаш оварда нашудааст, дар як видео ба пулиси ноҳияи Қармақшӣ ва ба мардум ва мақомоти Қазоқистон изҳори сипос кард ва аз ҷумла нақл кард, ки кормандони пулис тамоми шаб дар канори вай баробараш рост истоданд ва ҳар кумакеро, ки аз дасташон меомад, барояш карданд.

Тоҷирони тоҷик аз Литва мошинҳои дасти дуро барои фурӯш ба Тоҷикистон меоранд. Дар фасли сармо интиқоли мошинҳо мушкилтар мешавад, чунки ронандагон бояд чанд ҳазор километрро аз тариқи кишварҳои фасли сармояшон қаҳратун, ба мисли Русия ва Қазоқистон убур кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button