Хабарҳои кӯтоҳ

ТОҶИКИСТОН ДАР ТОШКАНД ДАР МАСОҲАТИ 1,4 ГЕКТАР САФОРАТХОНА МЕСОЗАД (2 АКС)

8 декабри соли 2021 вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар доираи сафари кории худ ба Ӯзбекистон ҷиҳати иштирок дар конфронси дуюми вазирони “Италия – Осиёи Марказӣ” дар қолаби С5+1 дар Тошканд ҳамроҳ бо сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода дар маросими ифтитоҳи корҳои сохтмонӣ дар  маҷмааи бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуда, барои оғози сохтмони иншооти мазкур санги асос гузошт.

Бино ба иттилои расмии нашршуда дар сомонаи вазорати хориҷаи Тоҷикистон, маҷмааи биноҳои нави сафорати Тоҷикистон дар Тошканд дар асоси «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба мутақобилан ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон» дар маркази шаҳри Тошканд, дар масоҳати 1,40 гектар бунёд мегардад. Ин созишнома соли 2018 имзо шуда буд.

Тибқи лоиҳа, маҷмааи биноҳои сафорат аз қароргоҳи роҳбари намояндагӣ, бинои консулӣ, хонаҳои истиқоматӣ барои кормандон, толори зиёфат ва маҷлисгоҳ, гузаргоҳҳои назоратӣ, таваққуфгоҳ ва майдончаи варзишӣ иборат аст.

Бинои нави сафорати Тоҷикистон дар Тошканд дар маҳаллаи Себзор бунёд мешавад. Дар ин маҳалла 79 хонаро хароб карданд, то ки барои бунёди биноҳои сафоратхонаҳои Тоҷикистон, Ҳиндустон ва Хитой ҷой ҷудо кунанд.

Тоҷикистону Ӯзбекистон дар даврони президентии Ислом Каримов беш аз ду даҳсолаи равобити танишолудаи монанд ба ҷанги сардро пушти сар карданд. Равобити Тошканду Душанбе аз соли 2016, дар пайи даргузашти Каримов ва ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев, ки асли аҷдодаш аз деҳаи Яхтани ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) аст, рӯ ба гармӣ овард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button