Рӯйдодҳои БадахшонҲуқуқи инсон

ТАЪСИСИ ГУРУҲИ МАХСУС БАРОИ ТАФТИШИ ҲОДИСАҲОИ ХОРУҒУ РОШТҚАЛЪА

Ҳафтаномаи “Қонун ва ҷомеа”- и дастгоҳи ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки бо мақсади тафтиши ҳамаҷониба, шаффоф ва воқеъбинонаи ҳодисаи рухдода, ҳамзамон ба ҷавобгарӣ кашидани шахсоне, ки даст ба ҷиноят заданд, бо супориши президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гуруҳи фаврӣ-тафтишотӣ таҳти роҳбарии прокурарори генералӣ Юсуф Раҳмон таъсис дода шудааст. Ба ин гуруҳ аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳайати 20 нафар ва 6 нафар намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсис дода шудааст.

“Аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбати шахсоне, ки даст ба бетартибиҳо зада, амалу рафтори ғайриқонунӣ ва ҷиноят содир карданд, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”, – нақли қавл кардааст хабаргузории русии “Спутник” аз матлаби ҳафтаномаи “Қонун ва ҷомеа”- и ВКД.

Ин дар ҳолест, ки тибқи тавофуқи байни роҳбарони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва намояндагони эътирозгарон, ба иштироккунандагони эътирозҳои Хоруғ кафолат дода буданд, ки ҳеҷ кадоми онҳо ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд.

Дар рафти гуфтугузори мазкур, тарафҳо ба маслиҳате омаданд, ки ҳамаи ашхосе, ки дар гирдиҳамоии дар боло зикршуда иштирок намуданд, барои иштироки ғайриқонунӣ дар гирдиҳамоии рӯзҳои 25-28 ноябри соли 2021 зери таъқиби маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида намешаванд”, – гуфта мешавад дар “Санад оид ба муътадил гардонидани вазъи тартиботи ҷамъиятӣ дар шаҳри Хоруғ”, ки зери он раиси ВМКД генерал Алишер Мирзонабот ва сардори РВКД ВМКБ генерал Рустам Мирзомуродзода муҳру имзо гузоштаанд.

Бино ба иттилои ҳафтаномаи ВКД, дар ҳодисаҳои ахир дар Бадахшон 12 нафар аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дучори ҳамлаи мусаллаҳона гардида, бо истифода аз корд ва дигар лавозимоти халандаву буранда ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Эътирозгарон дар бораи ҳалокати 3 нафар ва ҷароҳат бардоштани дастикам 16 нафар аз сокинони вилоят хабар дода буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button