ВидеоДин ва боварҳоЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ САРХАТИБИ НОҲИЯИ ҶОМӢ ҲОҶӢ ФАТҲУЛЛОҲ ЮСУФӢ

Ҳоҷӣ Фатҳуллоҳ Юсуфӣ, сархатиби масҷиди ҷомеи ба номи Салмони Форси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва фарзанди рӯҳонии маъруф Домулло Юсуфи Куйбешӣ, дар синни 80 аз олам чашм пӯшид. Фатҳуллоҳ Юсуфӣ аз сулолаи домуллоҳои дар ноҳияи собиқ Куйбишев (Куйбеш) муътабаре буд, ки бо номи “домуллоҳои гирдобӣ” маъруф буданд. Ин сулолаи мазҳабӣ ба гирудорҳои аввали солҳои 90 ҳамроҳ нашуд.

Маросими намози ҷанозаи ин рӯҳонии муътабар рӯзи 9 декабр дар масҷиди деҳаи Гулободи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ баргузор шудааст. Дар ин бора Эмом Алӣ, як корбари Фейсбук дар гуруҳи Ахбор барои афкор  хабар дод.

Эмом Алӣ бо изҳори ҳамдардӣ ба  фарҳанди марҳум Ҳоҷӣ Асадулло  ва дигар фарзандону наздиконаш навишт: Равонашон осуда ва маконашон Фирдавси Барин бошад! Ҳамдардии амиқи моро бипазеред ЮСУФӢ-ҳои азиз! Бобои Махсум солиёни зиёд дар ғаму шодии ноҳияву вилоят бо мардум буданд, бо дасткушоиву хайрхоҳияшон. Ҳамдеҳагон ва шогирдон ҳамеша аз ЭШОН хушнуд буданд.”
Сорбони Ошик, яке аз корбарони фаъоли Фейсбук навиштааст, ки Ҳоҷӣ Фатҳуллоҳ Юсуфӣ аз як сулолаи домуллоҳои маьруфи ҷумҳурӣ буд, ки дар моҷароҳои аввали солҳои 90 ҳамроҳ нашуданд.

Падари эшон домулло Юсуф ном дошт. Сокинони деҳаи собиқ ба номи Свердловский, колхози ба номи Калинини ноҳияи Куйбишев. Домуллохои “гирдобӣ” ном мебурданд аз онҳо. Домулло Юсуфи раҳматӣ донишманди бофазилату аз уламои номдор буд. Бештари мардум барои зиёрат ба хонаи онҳо мерафтанд. Солҳои даргириҳо онҳо хомӯшу сокит дур аз он дасисаҳо буданд. Масҷидҳои “Боғи истироҳат” ва ” Пушти Селхозтехника” солҳои 1990-1991 бо пули ҷамькардаи мардум сохта шуданд. Баьди даргириҳо ва ҷангҳои бародаркушӣ масҷидҳоро хостанд вайрон карда, масолеҳи сохтмонашро барои сохтани ягон мактаб ва ё ” садик” истифода баранд”, нақл кардааст Сорбони Ошик.

Ва Абу Мусъаб дар зери хабари марги Ҳоҷӣ Фатҳуллоҳ Юсуфӣ ин ду байтро навиштааст:

Боварам нест, падар, рафтиву хомӯш шудӣ,

Тарки мо кардиву бо хок ҳамоғӯш шудӣ,

Хонаро нур агар буд, зи рухсори ту буд,

Ай чароғи дили ман, аз чӣ ту хомӯш шудӣ?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button