6 МОШИНИ СОКИНИ ВАҲДАТ ВА 2 МОШИНИ СОКИНИ РӮДАКИРО БО ФИРЕБ ГИРИФТААНД

Як сокини 41-солаи пойтахт ба он гумонбар мешавад, ки аз сокини 44-солаи шаҳри Ваҳдат 6 мошинро барои фурӯш гирифта, то ҳол 442 ҳазор сомонӣ пули ин мошинҳоро надодааст.
Ҳамчунин боз як сокини 40-солаи Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки соли 2020 аз як сокини Рӯдакӣ ду мошини “БМВ-Х5” ва “Тойота-Кресто”-ро 300 ҳазор сомонӣ нарх карда гирифтаааст, вале то ҳол пули ин мошинҳоро надодааст.
Дар айни ҳамон ду сокини Ваҳдат ба он айбдор мешаванд, ки 6 сол боз 13 ҳазор доллар пули мошини “Лексус-350”- як сокини 47-солаи пойтахтро надодаанд.
Аз навори хабарҳои рӯзи 10 декабри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон
Ошкор гардидани кирдорҳои қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон
Нисбати марди 41-солаи сокини пойтахт парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудааст.
Номбурда бо роҳи фиреб ба боварии марди 44-солаи сокини шаҳри Ваҳдат даромада, аз ӯ 6-адад автомашинаҳои гуногунтамға: “Волво”, “Мерседес-Бенс”, “Актрос”, “Ман”, “БМВ” ва “Мерседес-Бенс”-ро нархгузорӣ карда гирифта, ба шахсони дигар фурӯхта, маблағи ба даст овардаро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Зарари расонидашуда 442 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда соли 2020 бо роҳи фиреб ба боварии марди 37-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ даромада, аз ӯ манзили истиқоматиаш, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакиро ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ, 2-адад автомашинаҳои тамғаи “БМВ-Х5” ва “Тойота-Кресто”-ро нархгузорӣ карда гирифта, маблағашонро то ҳол барнагардонидааст.
Зарари расонидашуда 375 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 47-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки соли 2015 марди 37-сола ва марди 47-солаи сокинони шаҳри Ваҳдат бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Лексус-350”-ро ба маблағи 13 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидаанд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.