ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МАРГИ РОНАНДАИ ДУЧАРХА ДАР ҶАЙҲУН ВА ДУЗДИИ 207 ҲАЗОР СОМОНӢ АЗ МАҒОЗАИ “ЧОРЁРОН”

Рӯзи 8 декабр, соати 15:45,  дар ҳудуди деҳаи Орзуи ноҳияи Ҷайҳун бар асари ба дарахт бархӯрдани дучархаи тамғаи «DAELIM CITI-2»,  ронандаи 51-солаи ин дучарха Шарифов Саидхӯҷа, сокини ҷамоати Қумсангир, ҷароҳатҳои гуногун бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расид.

ххххххххххх

Соҳиби мағозаи хӯроквории “Чорёрон” дар шаҳри Ваҳдати хазинадори 38-солаашро айбдор мекунад, ки аз соли 2018 ба ин тараф 207 ҳазору 716 сомонӣ пули мағозаро азони худ карда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 9 декабри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ҳалокати ронанда дар садамаи нақлиётӣ

8-уми декабри соли 2021 тахминан соати 15:45-дақиқа, ронандаи дучархаи тамғаи «DAELIM CITI-2», Шарифов Саидхӯҷа Қурбонович, соли таваллудаш 1970, сокини ҷамоати деҳоти Қумсангири ноҳияи Ҷайҳун, ҳангоми ҳаракат аз самти маркази ноҳияи мазкур ба самти маҳаллаи зисти худ, дар ҳудуди деҳаи Орзу, аз уҳдаи идораи дучарха набаромада, ба қисми рости роҳ баромада, ба дарахт бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронанда Шарифов С.Қ. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рўи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Боздошт гардидани марди 38-сола бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза марди 32-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки аз соли 2018 то соли 2021 марди 38-солаи сокини шаҳри зикргардида, дар мағозаи хӯроквориаш ба номи “Чорёрон”, воқеъ дар кӯчаи Фирдавсии шаҳри Ваҳдат ба ҳайси кассир (хазинадор) кору фаъолият карда, аз ҳисоби маблағҳои пулӣ 207 ҳазору 716-сомониро азонихуд намуда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Аз рўи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button