ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

БОЗДОШТИ ДОНИШҶӮИ 18-СОЛА БО 120 ҲАЗОР “ХЛОПУШКА” (ВИДЕО)

РВКД Душанбе хабар дод, ки як ҷавони 18-соларо бо иттиҳоми ба фурӯш баровардани миқдори махсусан бузурги маврди тарфгарӣ ё пиротехникӣ дастгир кардаанд.

Дар иттилоияи маркази матбуоти милитсияи пойтахти Тоҷикистон гуфта мешавад, ки “дар натиҷаи роҳандозӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе шаҳрванд Фарҳодов Билол Хуршедович соли таваллудаш 28.11.2003, истиқоматкунандаи шаҳри Бустони вилояти Суғд бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводҳои тарфгарӣ дастгир карда шуда, аз ӯ ба миқдори махсусан калон 120-ҳазор дона маводи тарфгарӣ (хлопушка) мусодира гардид.”

Фарҳодов Билол донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хизмат будааст. Ба зидди ӯ бар асоси моддаи 199 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми моддаи 199 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори махсусан бузург парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Бар асоси қисми дуюми моддаи 1999, иловаи 1 ба Фарҳодов Билол ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз як то ду сол таҳдид мекунад.

Дар ҳамин ҳол, маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон  дар нашри навбатии барномаи “Ахбори ВКД” хабар дод, ки ҳамин тавр, аз сокини Кӯлоб Самандар Даминов, соли таваллудаш 1995, мақомоти милитсия 232 ҳазору 200 дона маводи гуногуни тарфгарӣ мусодира кардаанд. Ҳамчунин аз як ноболиғ дар шаҳри Бӯстон 24 ҳазор дона ва аз як ноболиғи дигар дар Турсунзода 3500 дона маводи тарфгарии навъҳои “хлопушка” ва “Трения” мусодира кардаанд.

Дар Тоҷикистон воридот, хариду фурӯш ва истеҳсолу паҳн намудани маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ, ё хлопушка) манъ карда шудааст. Мақомот мегӯянд, садои баланду гӯшхароши “хлопушка” оромии шаҳрвандон ва фазои идонаро дар рӯзҳои таҷлили Соли нав халалдор карда,  ба саломатии шаҳрвандоне, ки гирифтори бемориҳое, чун диабети қанд ё бемориҳои қалбанд, хатар эҷод мекунад ва ҳамин тавр, метавонад сабаби ҳодисаҳои нохуше, чун сӯхтор ё осеб дидани шаҳрвандон бар асари таркидани маводи тарфгарӣ шавад.

Аммо ҳомиёни ҳуқуқ қарори манъи “хлопушка”-ро дар қарорҳое, чун манъи даъвати дӯстону ҳамкорон ба ҷашни зодрӯз ё маҳдуд кардани шумораи меҳмонону ҳатто номгӯи таом дар маъракаҳои тӯю азои мардум аз қарорҳои аҷибулғариби ҳукумати кунунӣ меноманд, ки дар берун аз кишвар мавриди хандахариш қарор дода мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button