Рӯйдодҳои БадахшонСиёсатТоҷикистон

БАЁНОТИ ЁДГОР ФАЙЗОВ ДАР БОРАИ ҲОДИСАҲОИ БАДАХШОН: ГУНАҲКОРИ АСОСӢ ҲАБИБ МАҲМАДОВ БУД (ВИДЕО)

Ёдгор Файзов, раиси собиқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бори аввал дар бораи ҳодисаҳои ахир дар вилоят, ки се кушта ва дастикам 16 захмӣ ба ҷо гузошт, изҳори назар кард.

Дар видеои 15-дақиқагие, ки Файзовро аз паҳлу сабт кардаанд ва ӯ зоҳиран ба намояндагони мақомот баёнот дода истодааст, Ёдгор Файзов мегӯяд, сабабгори асосии ҳодисаҳои ахир нафси бади Ҳабиб Маҳмадов, як корманди милисаи аз деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа шуд, ки ба хотири фоидаи шахсӣ даст ба коррупсия зад ва  ба ҳодисаҳое, ки дар охир бо хунрезӣ анҷомид, оғоз гузошт.

Ёдгор Файзов нақл мекунад, ки рӯзҳои гаравгон гирифтани ёрдамчии прокурори Роштқалъа дар сафар буд ва ин хабарро аз муовини аввалаш (он вақт муовини Файзов раиси кунунии ВМКБ генерал Алишер Мирзонабот буд) ва раиси дастгоҳ шунид.

Файзов гуфт, баъди чанде Шоназарова, ҳамон духтаре, ки дар қазияи ёрдамчии прокурор ҷабрдида ба шумор мерафт,  ҳамроҳи падараш ва чанд каси дигар хоҳиши мулоқот бо ӯро карданд. Файзов гуфт, муовини аввалаш Алишер Мирзонаботро ҳам даъват кард ва арзи  духтар ва ҳамроҳони ӯро шунид.

Духтар ба раиси онвақтаи вилоят нақл кардааст, ки ӯро аз Русия депортатсия карданд ва вай баъди бозгашт мехост, ки бо ному насаби нав шиноснома гирифта, боз ба Русия равад. Ҳамдеҳааш Ҳабиб Маҳмадов, ки дар милиса кор мекунад, ба Шоназарова ваъда додааст, ки дар ивази 300 сомонӣ ва як буз мушкилашро ҳал мекунад. Аммо Маҳмадов аз падари Шоназарова пулу бузро гирифту кори ин духтарро буд карда натавонист ва  пешниҳод кардааст, ки бо ёрдамчии прокурори ноҳия (Абирзода) гап занад, вай корашро буд мекунад. Абирзода ба Шоназарова пешниҳод кардааст, ки вохӯранд ва маслиҳат кунанд.

Ба гуфтаи Ёдгор Файзов, ин гап  ба ҷавонони маҳаллӣ расидааст ва онҳо ёрдамчии прокурорро дошта, истинтоқ кардаанд, ки чаро ба духтарони маҳаллӣ мерасӣ?

Ёдгор Файзов мегӯяд, вақте Шоназароваю падараш бо гуруҳ ба мулоқоти ӯ омаданд, чанд бор баргашта аз духтар пурсид, ки оё ёрдамчии прокурор нисбат ба вай ягон кори бад кард ё ягон гапи бад гуфт? Вале он духтар, бино ба нақли Файзов, гуфтааст, ки не, фақат занг зад, ки вохӯрем ва масъалаи шиносномаро маслиҳат кунем.

Файзов мегӯяд, ин гапи духтар ба ҷавононе, ки ҳамроҳаш омада буданд, нафорид ва онҳо духтарро маломат ҳам кардаанд, ки ба раис ҳамаи он гаперо, ки ба мо гуфта будӣ, нагуфтӣ.

Файзов гуфт, духтар аз вай ҳам хоҳиш кардааст, ки барои гирифтани шиносномаи нав кумакаш кунанд, то ки вай ба Русия баргардад. Вале Файзов инро ҳамчун як кори ғайриқонунӣ рад карда, ба духтар ҳам фаҳмондааст, ки ин фоида надорад, чунки аз изи  чашму ангуштон кӣ будани ӯро дар Русия маълум мекунанд ва ё депорт мешавад, ё зиндон. Баъди ин Шоназарова ва падараш хостаанд, то корманди милиса пулу бузи аз онҳо гирифтаашро баргардонад.

Файзов дар сабт мегӯяд, дар он мулоқот он ҷавононро ҳам барои гаравгон гирифтани ёрдамчии прокурору сабт кардани узрхоҳии ӯ накӯҳиш кард. Маҳз ҳамин ҳодиса боис шуд, ки мақомот ба зидди чанд сокини Тавдем, аз ҷумла Гулбиддин Зиёбеков бо иттиҳоми гаравгонгирӣ ва таҳқиру латтукӯби намояндаи давлат парванда кушоянд. Зиёбеков рӯзи 25 ноябр ҳангоми боздошт кушта шуд ва марги ӯ мунҷар ба эътирозҳои давомдор ва хунин дар Бадахшон гардид.

Файзов гуфт, агар Ҳабиб Маҳмадов вақте  дид, ки кори духтарро буд карда натавонист, пулу моли онҳоро бармегардонд, ягон гап намешуд. Ӯ ба ин далел ин корманди милисаро гунаҳкори асосии занҷираи ҳодисаҳое номид, ки ба хунрезӣ ва эътирозҳои ахир овард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button