ВидеоРӯйдодҳои БадахшонСиёсат

БАРНОМАИ ВИЖАИ КДАМ ДАР БОРАИ ҲОДИСАҲОИ АХИРИ БАДАХШОН (ВИДЕО)

 Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) шоми 9 декабр тавассути ТВ “Бадахшон” ва саҳифаҳои марбут ба мубаллиғонаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ барномаи муфассали 45-дақиқагиро бо номи “Нерӯи қонун” дар бораи рӯйдодҳои ахири Бадахшон нашр кард.

Дар ин барнома иддао карда мешавад, ки гаравгон гирифтани ёрдамчии прокурори ноҳияи Роштқалъа Абдусаттор Абирзода танҳо амале набуд, ки Гулбиддин Зиёбеков гунаҳкор мешуд.

Ба гуфтаи муаллифони гузориш, Гулбуддин Зиёбеков, санаи таваллудаш 31 июни соли 2992, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Тавдеми ҷамоати Гадоалиеви ноҳияи Роштқалъа, маълумоташ олӣ, миллаташ тоҷик, соли 2021 аз ҳамсараш ҷудо шудааст, соҳиби як фарзанд,  соли 2017 бо  ҳудуди 20 нафари дигар ба ҳуҷраи кории прокурори ноҳия  Анвар Нарзуллозода даромада, ӯро таҳқир кардааст. Моҳи октябри соли 2017 Зиёбеков, ба гуфтаи мақомот, ба бинои ҳукумат омада, раиси собиқи ноҳияи Юсуф Султонноёбовро таҳқир кардаст. Дар гузориш гуфта мешавад, ки ӯ пайваста ба кори нозирони минтақавӣ ва кормандони давлатӣ дар ноҳия мониа эҷод мекард. Бино ба ин гузориш, Зиёбеков  ҳамчунин 15 августи соли 2018 дар байни онҳое буд, ки вориди бинои ҳукумати ВМКБ шуда, раиси онвақтаи вилоят Шодихон Ҷамшедро латтукӯб карданд. Зиёбековро мақомоти амниятӣ ҳамчунин ба даст доштан дар ташкили эътирозҳои рӯзи 13 октябри соли 2018 дар Хоруғ ва оташ задани вагон дар як посгоҳи БДА дар моҳи январи соли 2019 низ айбдор мекунанд.

Дар барнома гуфта шуд, ки мақомот ҷиҳати мутақоид кардани Гулбиддин Зиёбеков ба  инки ихтиёран ба мақомоти тафтишотӣ ҳозир шавад талоши зиёд кардаанд ва аз ҷумла муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал Абдураҳмон Аламшозода моҳҳои феврал ва марти соли 2020 дар ин бобат се маротиба бо бародари калонии ӯ Интизор Зиёбеков суҳбат кардааст. Сардори раёсати КДАМ ВМКБ генерал Абдусамад Салимзода низ моҳи августи соли 2021 раиси ҷамоати Гадолиеви ноҳияи Роштқалъа, Интизор Зиёбеков ва ҳамсояи онҳо бо номи Таваккалро низ ба ҳузури худ даъват карда, хостааст, то Зиёбековро ба таслим шудан моил кунанд. Вале Гулбиддин Зиёбеков, ба гуфтаи муаллифони ин гузориш, таслим шуданро рад кардааст.

Ҳамин тавр, ба гуфтаи мақомот, соли 2020 5 бор ва соли 2021 ба Зиёбеков 4 бор даъватнома барои омадан ба бозпурсӣ фиристодаанд, вале ӯ ҳозир нашудааст. Ин дар ҳолест, ки Певистамо Абдулмуминова, модари  Гулбиддин Зиёбеков қаблан гуфта буд, ки барои писараш ягон бор даъватнома нафиристода буданд. Сокинони Тавдем ҳамин тавр, иддаои бо худ силоҳ доштани Гулбиддин Зиёбековро рад мекунанд ва мегӯянд, ҳамон рӯзи боздошти ӯ таппонча дар макони тирпарронӣ 40 дақиқа баъд аз куҷое пайдо шуд. Эътирозгарони Хоруғ бар ин буданд, ки силоҳро махсус худи мақомот партофтаанд, ки куштани Зиёбековро тавҷеҳ кунанд.

Тавре аз ин барнома бармеояд, тоқати мақомот вақте тоқ шуд, ки бино нақли Саидҷаъфар Икромзода, сардори ШВКД ноҳияи Роштқалъа,  Гулбиддин Зиёбеков соати даҳи шаби 27 ба 28 октябри соли 2021 савори як мошини берақами тамғаи “БМВ” ба назди бинои шуъбаи КДАМ ноҳияи Роштқалъа омада, мусиқиро баланд мондааст ва бо садои баланд фарёд кардааст ки: “Ман Зиёбеков Гулбиддин ҳастам! Биёед, маро дастгир кунед! Маро касе дастгир карда наметавонад! Чӣ тавре ки хоҳам, дар ҳудуди ноҳияи Роштқалъа мегардам!”

Вале сокинони Роштқалъа мегӯянд, Гулбиддин Зиёбеков ба ҳимоят аз Зуҳро Шоназарова бархост ва агар мақомот дар вақташ ба эътирози мардум гӯш медоданду Абирзодаро ҷазои сазовор медоданд, масъала то ба хунрезию эътироз намекашид. Як сокини Тавдем гуфт, мақомот ҳоло тамоми гуноҳро ба гардани Зиёбеков бор карданианд, вале асли гап аз ончӣ ки мақомот дар ин барнома мегӯяд, хеле фарқ мекунад

КДАМ мегӯяд, рӯзҳои 26-27 ноябр аз хориҷи кишвар барои саркардагони гуруҳҳои ҷиноии шаҳри Хоруғ Аслишо, Наврӯзшо, Хурсанд ва Қурбон як маротиба 500 ҳазор рубли русӣ ва бори дуюм 13 ҳазор доллар фиристодаанд. Ба ақидаи мақомоти амниятӣ, ин пулҳо барои ҷалби ҷавонон ба гирдиҳамоӣ ва дигар ҷиноятҳову мақсадҳои муғризона сарф кардаанд.

Аммо намояндагони ҷамъиятҳои зодагони Бадахшон дар Русия ва Амрико ба “Бомдод” гуфтанд, ки ин пулҳоро мардум барои кумак ба хонаводаҳои онҳое, ки дар ҳодисаҳои ахир кушта ё захмӣ шуданд, ҷамъ оварда буд ва иддаои мақомоти амниятӣ асос надорад.

Дар анҷоми барнома аз лидерони гуруҳҳои Бадахшон талаб карда мешавад, ки ихтиёран ба мақомоти тафтишотӣ ҳозир шуда, зарари расондаашон ба иқтисоди шаҳри Хоруғ ва вилоятро ҷуброн кунанд. Онҳоро ҳушдор медиҳанд, ки агар ин лидерҳо, ё ба қавли мақомот, саркардаҳо, ихтиёран ҳозир нашаванд, нисбаташон чораҳои қотеъона андешида хоҳад шуд. Мақомот ҷамъи зарари расида дар натиҷаи эътирозҳои ахирро ҳудуди 7,7 миллион сомонӣ баровард кардаанд.

Дар ин гузориш тақрибан ҳамон ҳарфҳое садо дод, ки раиси КДАМ Саймумин Ятимов рӯзи 1 декабр дар мулоқот бо фаъолони Хоруғ гуфта буд. Вале он вақт намояндаи ҷомиаи шаҳрвандӣ  гуфт, агар Зиёбеков гунаҳкор мебуд, бояд суд ҷазояш медод, на инки ба чунин шакл бе ягон тафтишу ҳукми додгоҳ кушта мешуд.

Марги Гулбиддин Зиёбеков боиси эътирозҳое дар Хоруғ шуд, ки дар ҷараёни онҳо се нафар кушта ва дастикам 16 каси дигар захмӣ шуданд. Эътирозҳо дар пайи ваъдаи мақомот ба  зери назари ҷомиаи шаҳрвандӣ ва одилона анҷом додани тафтиши қазияи марги Зиёбеков ва қурбониёни дигар анҷом ёфт.

Дар барномаи “Нерӯи қонун” гуфта шуд, ки феълан 7 нафар ба намояндагӣ аз ҷомиаи шаҳрвандӣ низ ба ҷараёни тафтиши ҳодисаҳои ахир ҷалб карда шудаанд. Дар ин барнома ду нафари онҳо: Манучеҳр Холиқназаров ва Хурсанд Мамадшоев суҳбат мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. 2 раза посмотрел этот фильм. Давайте оценим ситуацию правильно. Смотрите Даже Ёдгор Файзов говорит, что бывший помощник Прокурора не приглашал ту Рошткалинскую девушку на интим. Я верю Ё. Файзова. Он правду говорит. Другие свидетели тоже подтверждают, что власти несколько раз официально призвали Гулбиддина Зиёбекова сдаться, но увы он это не понял и не сдался. И более того он вообще был беспредельщиком, смотрите что он говорил в адрес властей. Заходит в собрание Правительство, прерывает заседание, и делает беспорядки там. Ребята это ж явное преступление. Он совершил преступление. В конце концов у нас есть государство. Вывод: Власти правильно сделали что уничтожили этого преступника Гулбиддина Зиёбекова. Есть закон. Пусть они соблюдают этот закон.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button