ВидеоКоррупсия

АГЕНТӢ: ИМСОЛ ҚАРИБ НИМ МИЛЛИАРД СОМОНӢ ПУЛИ ДАВЛАТРО “ОБУЛОЙ” КАРДААНД

Рӯзи 9 декабр, дар Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия, Агентии назорати давлатии молия вӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ҳисобот дод, ки дар 10 моҳи аввали соли 2021 кормандони ин ниҳод  дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳо ва дигар муассисаҳо  822 санҷиш гузаронида, ба маблағи 325 миллиону 820 ҳазор 116 сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карданд. Ҷамъи умумии зарари ба давлат расондашуда, тибқи парвандаҳои коррупсиониеро, ки имсол бозрасӣ шуданд, қарим ним миллиард сомонӣ, дақиқтараш 466 миллион сомониро ташкил додааст.

Шодком Турсунзода, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, маркази матбуот ва робита бо ҷомеаи Агентӣ дар мусоҳиба бо хабаргузории давлатии “Ховар” бо овардани ин омор гуфт, дар натиҷаи тадбирҳои андешида аз ин 322 миллион сомонӣ зарари молиявии ошкоргардида 227 миллиону 537 ҳазору 632 сомонӣ алакай ситонида шуд ва барои рӯёнидани маблағи боқимонда тадбирҳои зарурии ҳуқуқӣ андешида шудаанд.

Ба гуфтаи Шодком Турсунзода, дар 10 моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Агентӣ дар умум 1833 ҷинояти дорои хусусияти коррупсионӣ ва ҷиноятҳои ба он вобаста ба қайд гирифта шуданд, ки 779 ҷинояташро ҷиноятҳои вазнин ташкил медиҳанд.

“Дар ин муддат муфаттишони Агентӣ 784 парвандаи ҷиноӣ боз намуда, дар 588 адади он нисбат ба 765 нафар тафтиши пешакӣ анҷом додаанд. Зарар аз рӯи парвандаҳои ҷиноии анҷомшуда 466 миллиону 909 ҳасору 489 сомониро ташкил дода, пас аз санҷиши пешакӣ 297 миллиону 782 ҳазору 63 сомонӣ рӯёнида шуд”, – хабар додааст Шодком Турсунзода.

Ҳамзамон аз ҷониби кормандони Агентӣ дар ин давра 1254 ҳуқуқвайронкунии маъмурии дорои хусусияти коррупсионӣ ошкор карда шуда, афроди қонуншикан ба маблағи 1 миллиону 420 ҳазору 638 сомонӣ ҷарима баста шудаанд.

Аммо мунтақидон мегӯянд, Агентии мубориза бо коррупсия дар фаъолиятҳояш  худро бо таъқибу боздошти моҳичаҳои хурди уқёнуси беканоршудаи коррупсияи Тоҷикистон, ба мисли заминсозон, кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ ё ягон муаллиму духтур ва ҳадди аксар раисони ҷамоатҳо, маҳдуд карда, ба наҳангҳои калонтари ин уқёнус, ки дар “боло” ҳомиёни қавӣ доранд, кордор намешавад ё ҷуръат намекунад.

Аз тарафи дигар, парвандаҳои аксари мансабдороне, ки бо пора ба даст меафтанд, ҳамчун “қаллобӣ” ҷамъу баст мешаванд ва дар натиҷа ин мансабдорон аксаран бо пардохти ягон ҷаримаи ночиз аз толори суд озод карда шуда, баъди чанде боз дар ягон мансаби нав пайдо мешаванд ва ба шуғли қаблии худ, яъне ҳамон порагирӣ ва коррупсия идома медиҳанд.

Дар натиҷа, Тоҷикистон ҳамчунон дар сигонаи фасодзадатарин давлатҳои дунё боқӣ монда, ба ақидаи таҳлилгарон, фасод дар ин кишвари фақиртарини Шӯравии собиқ чунон реша давондааст, ки сокинонашро аз гаҳвора то ба гӯр сари ҳар қадам дунбол мекунад.

Аммо Шодком Турсунзода мегӯяд, бар асоси як назарсанҷии соли 2016 дар байни 88 ҳазор нафаранҷомдодаи Агентии мубориза бо коррупсия, аз шумори умумии ширкаткунандагон беш аз 19 ҳазор нафар ё 22% сатҳи коррупсияро дар кишвар паст, ҳудуди 34 ҳазор нафар ё ба ҳисоби миёна 38% — миёна, зиёда аз 23 ҳазор нафар ё 26% — баланд арзёбӣ намуда, боқимонда 12 ҳазор нафар ё 14 % мавқеи худро муайян накарданд. Тақрибан 25 ҳазору 500 нафар ё 29 дарсади пурсидагон бар ин назар будаанд, ки сатҳи коррупсия  дар Тоҷикистон дар ҳоли коҳиш аст. Дар айни замон , 22 ҳазору 700 нафар ё 26 дарсад  гуфтаанд, ки сатҳи коррупсия дар кишвар бетағйир боқӣ мондааст. Вале 25 ҳазор нафар ё 28 дарсад мутмаинанд, ки коррупсия дар Тоҷикистон ҳамчунон меафзояд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button