ВидеоМуҳоҷирон

ВИДЕО: ЯК ДУХТАР БАРОИ ФИРОР АЗ ТАҶОВУЗГАР ХУДРО АЗ ҚАБАТИ ЧОРУМ БА ЗАМИН ПАРТОФТ

Шабакаи РЕН ТВ сабти видеоии лаҳзаеро нашр кард, ки шаби 7 декабр як духтар аз қабати чоруми бинои истиқоматӣ худро ба поён мепартояд, вале баъди чанд лаҳза як марди курткаи сурх дар тан поён фаромада, бо корд ба ин духтар ҳамла мекунад ва барои онки ба ӯ залал нарасонданд, шоҳидони дигарро аз саҳни ҳавлӣ бо таҳдид бо корд пеш мекунад. Вале сокинони бино зуд  ба пулис ва “Ёрии таъҷилӣ” занг мезананд ва он мард қасди куштани духтарро то охир норасонда, аз онҷо фирор мекунад.

Пулиси Маскав гуфт, ки ин марди соли таваллудаш 1993 алакай дастгир гардида ва ба гуноҳи худ эътироф кардааст. Мақомоти тафтишотӣ ба зидди ӯ бо иттиҳоми қасди куштор, таҷовуз ба номус ва гаравгонгирӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд, чунки маълум шудааст, ки он духтари

20-солае, ки аз тирезаи қабати чорум худро ба замин ҳаво дод, пеш аз паридан мавриди таҷовуз қарор гирифтааст. Ҳамчунин маълум шуд, ки дар он манзил дар кӯчаи Шелепихинская набережная дар минтақаи Филёвский парк дар ғарби Маскав он мард  дастони боз ду зани дигари 37 ва 22-соларо бо скотч баста, онҳоро ҳамчун гаравгон нигоҳ медошт.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Маскав исми боздоштшударо расман эълон накардаанд, вале матбуоти Русия хабар дод, ки он марди 28-сола зодаи Тоҷикистон Толибҷон Аминов аст. Интизор меравад, ӯро то поёни рӯзи 8 декабр ба додгоҳ эҳзор карда, барои ду моҳ ба ҳабс бигиранд.

Сарраёсати тафтишоти шаҳри Маскав  хабар дод, ки шуъбаи тафтишоти минтақаи Хорошевский нисбат ба марди дастгиршуда бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноии Русия парвандаи ҷиноятӣ кушодааст: қисми якуми моддаи 131 (таҷовуз ба номус), қисми сеюми моддаи 30, қисми якуми моддаи 105 (сӯиқасд ба куштор) ва қисми дуюми моддаи 127  (гаравгон гирифтани ду нафар).

 “Бино ба иттилои тафтишот, шаби 7 декабри соли 2021 дар яке аз манзилҳои бинои истиқоматӣ дар шаҳри Маскав як мард духтареро латтукӯбу зӯроварӣ карда, ба номусаш ҳам таҷовуз кардааст. Ҷабрдида барои наҷоти худ аз қабати чоруми бино худро ба замин партофт. Мард, ки қасди куштани духтарро догт, як олати бурандаю халандаро пайдо карда, ба поён фаромад ва ба бадани духтар ҷароҳати зиёд расонда, баъди ин фирор кард. Муттаҳам амали ҷиноии худро ба он далел то охир расонда натавонист, ки шоҳидон “Ёрии таъҷилӣ”-ро даъват кардан два духтарро дар ҳолати вазнин дар бемористон бистарӣ карданд. Дар он манзил ҳамчунин ду зани солҳои таваллудашон 1984 ва 1999 ҳам будаанд, ки айбдоршаванда  дастони онҳоро бо скотч баста,  маҷбурӣ дар он хона нигоҳ медошт. Онҳо танҳо баъди рафтани он мард тавонистаанд, ки худро мустақилона аз банд раҳо карда, он манзилро тарк кунанд”, – гуфта мешавад дар иттилиояи Сарраёсати тафтишоти пойтахти Русия.

Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Маскав хабар дод, ки ин ҷиноят дар кӯчаи Шелепихинская набережная дар минтақаи Филёвский парк дар ғарби пойтахти Русия рӯй дода, дар натиҷаи амалҳои зиддиҳуқуқии он мард яке аз ҷабрдидаҳо ҷароҳат бардошта, дар бемористон бистарӣ карда шуд.

 “Дар ҷараёни чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ кормандони пулис дар байни ҳамагӣ чанд соат шахсияти гумонбаршавандаро муайян ва ӯро дар кӯчаи Яблочков дастгир карданд. Ӯ як марди соли таваллудаш 1993 аст, ки гуноҳаш исбот шуд ва алакай баёноти эътирофкунанда дода истодааст”, –  хабар дод пулиси Маскав.

Сарраёсати тафтишот низ гуфт, ки дар ҷараёни рӯбарӯкуниҳо ҷабрдидаҳо марди боздоштшударо шинохтанд ва баёнот доданд, ки нафаре, ки онҳоро гаравгон гирифт ва якеро таҷовуз карду куштанӣ ҳам буд, ҳамин аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button