ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

МАРЗБОНОНИ ТОҶИК 14 АСПИ ЯК СОКИНИ ҚИРҒИЗИСТОНРО БАРГАРДОНДАНД (ВИДЕО)

Рӯзи 6 декабр ба марзбонони отряди Лайлаки Хадамоти марзбонии Қирғизистон шаҳрванди ин кишвар Т.Пирназаров муроҷиат карда, хостааст, ки барои баргардондани галаи аспҳояш, ки ҳангоми чаронидан ба қаламрави Тоҷикистон гузаштаанд, кумак кунанд.

Маркази матбуоти Хадамоти марзбонии Қирғизистон иттилоъ дод, ки марзбонони қирғиз бо марзбонони Тоҷикистон дар тамос шуданд ва бо шарофати ҳамкории тарафайн худи ҳамон рӯзи 6 декабр марзбонони тоҷик аспҳои боздоштшударо ба Қирғизистон баргардонданд.

Дар видеои нашршуда дида мешавад, ки галаи иборат аз дастикам 14 аспи Т.Пирназаров дар хатти марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба болои як теппа мебарояд.

Т. Пирназаров барои кумаки фаврӣ дар баргардондани аспҳояш ба марзбонони Тоҷикистону Қирғизистон изҳори сипос кардааст.

Дар вақтҳои охир ин хабари баргардондани аспҳо аз ҷумлаи ангуштшумор хабарҳои мусбату дилгармкунанда аз ин марз аст, ки қариб саросар ба як нуқтаи доғ табдил ёфтааст.

Ёдовар мешавем, бо гузашти 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун танҳо каме бештар аз 500 километраш таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд.

Дар поёни моҳи апрели соли ҷорӣ бар асари задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи Исфараву ноҳияи Б.Ғафуров бо ноҳияҳои Бодканду Лайлак 55 нафар кушта, ҳудуди 240 захмӣ шуд. Ин задухӯрдҳо хунинтарин муноқиша дар таърихи тамоми муноқишаҳои марзии Осиёи Марказӣ баъд аз фурӯпошиии СССР дониста мешавад.

Қирғизистон аз 22 май, дар пайи он муноқишаи хунин марзҳояшро бо Тоҷикистон баст ва равуои шаҳрвандон ва интиқоли маҳсулотро иҷозат намедиҳад. Ҳарчанд баҳонаи расмии бастани марз пандемияи коронавирус гуфта мешуд, вале мақомоти баландпояи Қирғизистон чандин бор гуфтаанд, ки марз бо Тоҷикистон танҳо баъди мушкилоти мавҷудаи марзӣ бо ин кишвари ҳамсоя боз хоҳад шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button