ВидеоКоррупсия

БОЗДОШТИ ДОДРАСИ ДОДГОҲИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН БО 1000 ДОЛЛАР ПОРА

Азизҷон Шарифзода, додраси додгоҳи шаҳри Гулистон (Қайроққуми собиқ)- и вилояти Суғд  рӯзи 6 декабр дар утоқи корияш бо далели шайъӣ ҳангоми гирифтани ҳазор доллар ришва боздошт шудааст. Агентии мубориза бо коррупсия то ҳол хабари боздошти ин додрасро расман шарҳ надодааст, вале Радиои Озодӣ аз қавли манобеаш хабар дод, ки судяи дастгиршударо алакай ба ҳабси пешакӣ гирифта, ба Душанбе интиқол додаанд.

Ба гуфтаи манбаи Радиои Озодӣ, “пулҳо бо маҳлули махсус коркард шуда будаанд, ки ҳангоми зери рӯшноӣ гузоштани он навиштаи “пора” аён мегардад. Бозрасон аз ангуштони Азизҷон Шарифзода ин маҳлулро пайдо кардаанд.”

Пайвандони Азизҷон Шарифзода нахостаанд, ки дар ин бора суҳбат кунанд. Вале манбаи дигари огоҳ аз қазия гуфтааст, ки масъала ба тақсими замин рабт дорад: “Як зан, мудири боғчаи кӯдакон, барои бунёди хона замин гирифта, ду сол чизе насохтааст. Раиси шаҳр қарорро бекор мекунад. Зан аз додрас кумак мехоҳад. Шарифзода дар иваз 2500 доллар пурсидааст. Корафтода 1500 долларро медиҳад ва ҳукми додгоҳ содир мешавад. Вақте додрас 1000 доллари мондаро хоста, таҳдид кардааст, ки агар наорад, қарор бекор хоҳад шуд, зан ба Оҷонсӣ муроҷиат кардааст.”

Азизҷон Шарифзода рӯзи 7-уми феврали соли 2020 бо фармони президент Эмомалӣ Раҳмон додраси додгоҳи шаҳри Гулистон таъин шуда буд. Вай пеш аз он дар додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд кор мекард.

Ин бори аввал нест, ки кормандони додгоҳи Гулистон бо ҷурми коррупсия дастгир мешаванд. Наргис Ёдгорзода, раиси  қаблии додгоҳи шаҳри Гулистон ва зердасташ Муродбек Насриддинзода дар охири соли 2019 барои кирдоре, ки ба гуфтаи мақомот, “шаъну эътибори додрасҳоро паст мезанад”, аз мақомҳои худ барканор карда шуданд.

Дар Тоҷикистон беш аз 450 додрас кор мекунанд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар борҳо гуфтаанд, ки низоми додгоҳии кишвар пойбанди ҳукумати иҷроия буда, мустақил нест. Додрасҳоро раиси ҷумҳур таъин ва барканор мекунад.

Ба иттилои дафтари матбуоти президент, дар даҳ соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз бист додрас бо гуноҳи ришвагирӣ боздошт ва зиндонӣ шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button