ВидеоҶомеа

РАМШОД АЗ ПУШТИ ДОДАРАШ ХЕСТУ БА ЗИНДОН АФТОД

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 1 декабр ноболиғ Рамшод Шарифзодаро дар одамкушӣ ва авбошӣ гунаҳкор шинохта, ба 12 соли зиндон маҳкум кард. Ин сокини навраси Душанбе ҳукми худро бояд дар клонияи тарбиявии низомаш умумӣ адо кунад.

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон дар шарҳи ин парванда гуфт, ки Шарифзода Рамшод Шариф моҳи апрел дар як муноқишаи гуруҳии наврасон дар кӯчаи Айнии пойтахт аз пушти додараш хеста, як ноболиғи дигарро бо як зарбаи корд куштааст.

Бино ба фарзияи тафтишот ва додгоҳ, ноболиғ Шарифзода Р.Ш. 20 апрели соли 2021, тахминан соати 18-30 дақиқа аз ҳамсинфаш ноболиғ Акбарҷони Холмуҳамад фаҳмидааст, ки сокинони кӯчаи Айнӣ бародари ӯ ноболиғ Пиров У.Х.-ро мавриди лату кӯб қарор додаанд.

 “Пас аз ин ноболиғ Шарифзода Р.Ш. ба самти кӯчаи Айнӣ раҳсипор шуда, дар онҷо мебинад, ки дар назди нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, ки ҷой ҷамъиятӣ мебошад, ноболиғон Камолов И.А., Пиров У X., Маҳмадиев Ш.С., Мирзоев Э.Ю., Нурматов У.Қ. тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, ҷанҷоли лафзӣ намудаанд. Дар ин вақт Камолов И.А. як маротиба бо дасти росташ дар рӯи ноболиғ Маҳмадиев Ш.С. зарба зада бо ҳамин ноболиғ Шарифзода Р.Ш., Нурматов У.Қ. ва ноболиғ Акбарҷони Холмуҳамад ин ҳолатро дида, ҳамдигарро мавриди лату кӯб қарор додаанд.  Сипас, ноболиғ Шарифзода Р.Ш. аз рӯи ҳиссиёти авбошӣ бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани Мирзоев Э.Ю. бо корди бо худ доштааш як маротиба ба мавзеи қафаси синаи номбурда аз тарафи чап задааст, ки ӯ ҳангоми ба беморхона бурдан вафот намудааст”, – гуфта мешавад дар иттилоияи маркази матбуоти Додситонии кул.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button