ВидеоМинтақа ва ҷаҳонХабарҳои кӯтоҳ

БАР АСАРИ ТАРКИШИ ГАЗ ДАР ДЕҲНАВ ЯК НАФАР ҲАЛОК ВА 9 КАСИ ДИГАР МАҶРУҲ ШУД (ВИДЕО+2 АКС)

Субҳи барвақти 7 декабр бар асари таркиши газ ва сӯхтор дар маркази савдои “Инденим” дар ноҳияи Деҳнави вилояти Сурхондарё дар ҷануби Ӯзбекистон як нафар ба ҳалокат расида, 9 тани дигарро бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол додаанд. Деҳнав дар масофаи ҳамагӣ 30 километр аз гузаргоҳи Пахтаобод дар марзи Ӯзбекистон бо Тоҷикистон ҷойгир шуда, аз инҷо то шаҳри Турсунзода ҳамагӣ 50 километр роҳ аст.

Хадамоти матбуоти вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон дар Телеграм-каналаш хабар дод, ки субҳи барвақти 7 декабр, соати 03:57 дар маркази савдои “Инденим” дар ҳудуди ноҳияи Деҳнав таркиши газ ба амал омад. Дар натиҷаи таркиш як қисми бинои фурӯшгоҳ хароб шуда, сӯхтор ба амал омад, ки барои фурӯ нишонданаш тақрибан ним соат сарф шудааст.

МЧС гуфт, 9 нафаре, ки дар лаҳзаи таркишу сӯхтор дар дохили бино буданд, бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол дода шуданд ва баъди фурӯ нишондани сӯхтор ҳангоми гузарондани амалиёти ҷустуҷӯиву наҷотдиҳӣ аз зери овори бинои маркази савдои “Инденим ҷасади як нафари ҳалокшударо пайдо кардаанд.

Сабаби таркиш дар ин фурӯшгоҳ ҳанӯз муайян карда нашудааст. Таҳқиқи ҳодисаро шурӯъ кардаанд. МЧС гуфт, барои таҳқиқи ҳодиса як комиссияи ҳукуматӣ таҳти роҳбарии муовини аввали сарвазири Ӯзбекистон Очилбой Раҳматов ба Деҳнав омадааст.

Акс: Podrobno.uz

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button