ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ЗАМИНЛАРЗА ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОН БО АФҒОНИСТОН

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки нимаи дуюми рӯзи 5 декабр, соати 17:44 ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди ин ҷумҳурӣ боз як як заминларза рӯй дод. Гуфта мешавад, маркази заминларза дар 231-километрии ҷанубушарқи Душанбе, дар ҳудудиноҳияи Ванҷи ВМКБ ҷойгир шуда, шиддати зилзила дар маркахаш 4 баллро ташкил додааст. Дар натиҷаи заминларза ягон талафоти ҷонӣ ё хисорот ба қайд гирифта нашудааст, – гуфта мешавад дар хабари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда.

Марказҳои байналмилалии зилзиланигорӣ хабар доданд, ки маркази заминларзаи ахир дар 13-километрии ғарби Ишкошими Афғонистон дар наздикии марз бо Тоҷикистон ҷойгир шуда, шиддаташ, тибқи ҷадвали Рихтер,  4,3 баллро ташкил додааст.

Тоҷикистон дар як минтақаи зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳар сол дар қаламраваш садҳо заминҷунбӣ сабт мешавад. Аз ҷумла марказҳои зилзиланигорӣ танҳо дар як ҳафтаи охир дар қаламрави Тоҷикистон 8 заминларзаи шиддаташ тибқи ҷадвали Рихтер аз 1,5 балл зиёд, дар як моҳи охир 17 чунин заминларза ва дар як соли охир 194 заминларзаро сабт кардаанд.

Ҳафтаи гузашта дар водии Рашт се заминларзаи шиддаташон аз 4 балл боло сабт шуда буд.

Ёдовар мешавем, 10 июли соли ҷорӣ бар асари заминларза дар водии Рашт 5 сокини ноҳияи Тоҷикобод ба ҳалокат расида, дар ин ноҳия ва ноҳияи Рашт беш аз 200 хона хароб шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button