ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ТОҶИКИСТОН БОЗ 868 ҲАЗОР ВОЯИ ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУС БА ДАСТ ОВАРД

Шаби 5 декабр ба Тоҷикистон  тавассути барномаи КОВАКС боз 546 ҳазор воя ваксинаи хитоии «КоронаВак» ва дар доираи барномаи тақсимоти одилонаи вояҳои ваксинаҳои зидди COVID- 19 ҳамчун кумаки башардӯстона аз ҷониби кишварҳои Австрия 150 ҳазор воя ваксинаи «АстраЗенека», Маҷористон 50 ҳазор воя ваксинаи «АстраЗенека», Хорватия 122 ҳазор воя ваксинаи «Модерна» ва дар маҷмӯъ 868 ҳазор вояҳои ваксинаҳои зидди сирояти коронавируси нави COVID-19 тавассути Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ворид карда шуданд.

Дар маросими қабули вояҳои ваксинаҳои макзур дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон, Консули Маҷористон дар Тоҷикистон, Бонки Осиёии Рушд ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Беш аз ним миллион  вояи ваксинаи хитоӣ бахше аз 3,3 миллион вояи “КоронаВак” аст, ки бар пояи 25 миллион доллар гранти Бонки Осиё дар ихтиёри Тоҷикистон қарор дода мешавад

Ба сурати умум то имрӯз ба Тоҷикистон 7 миллиону 705 ҳазору 200 воя ваксинаи зидди бемории COVID-19 ворид карда шудааст. Тоҷикистон ин ҳама ваксинаҳоро тавассути барномаи КОВАХ, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бо мақсади дастрасии одилонаи ҳамаи кишварҳо ба ваксинаҳои зидди коронавирус таъсис додааст, ба сурати ройгон ба даст овардааст.

Мақомоти Тоҷикистон ваксинатсия як роҳи аз ҳама муассири пешгирӣ аз коронавирус меноманд ва аҳолиро ташвиқ мекунанд, ки ба ҳар гуна овозаҳои беасос ва боварҳои хурофотӣ дода нашуда, ҳатман ваксина бигиранд. Ваксинатсия аз коронавирус дар Тоҷикистон барои тамоми сокинони калонсоли синнашон аз 18 боло ҳатмӣ буда, бино ба ҳисоботи расмии вазорати тандурустӣ, аз 5,8 миллион нафар аз шумораи умумии мақсадноки аҳолӣ, ки бояд бар зидди бемории сироятии COVID-19 ваксина бигиранд, 3 миллиону  118 ҳазору  210 нафар (53,5 фоиз) ҳадди ақал як ваксина бар зидди ин бемории сироятиро гирифтаанд.  2 миллиону 641 ҳазору 449 нафар (45,3 фоиз) аз  аҳолии калонсоли кишвар бошад,ҳарду вояи ваксинаро гирифтаанд.

Мақомоти Тоҷикистон аз моҳи сентябр ба ин тараф ҳамагӣ  5 мавриди нави сирояти шаҳрвандон ба коронавирусро расман эътироф кардаанд. Вале табибон ва сокинон мегӯянд, дар асл шумораи беморон хеле бештар аз арқоми расмии вазорати тандурустист.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button