ВидеоКоррупсия

ПАРВАНДАИ РАИСИ КУМИТАИ ЗАМИНИ НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БА ДОДГОҲ РАФТ

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 6 декабр хабар дод, ки тафтиши пешакии парвандаи раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Ҷайҳун Тоҷиддин Сафарализода ва зердасти ӯ Ҷумахон Сафаровро анҷом дода, барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол кардааст.

Маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсия дар шарҳи ин парванда гуфт, “Сафарализода Тоҷиддин Сафаралӣ дар асоси қарори раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаи раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Ҷайҳун фаъолият намуда, ҷинояти қаллобиро бо истифода аз мақоми хизматӣ, бо маслиҳати пешакӣ дар якҷоягӣ бо зертобеъаш Сафаров Ҷумахон Муродович бо расонидани зарари моддӣ содир намуд. Чунончӣ, номбурдагон шаҳрванд “А”- ро бо роҳи фиреб бовар кунонидаанд, ки бар ивази маблағи 6800 сомонӣ метавонанд 1,0 га қитъаи замини хоҷагии деҳқонии фермериро аз заминҳои ҳудуди деҳаи Махтумқулии Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Ҷайҳун ба номи ӯ ҷудо ва ҳуҷҷатгузорӣ намоянд. Сипас, Сафарализода Т.С. ва Сафаров Ҷ.М. аз маблағи талабкарда 6100 сомониашро гирифта, ба манфиати шаҳрванд ягон амали муайянеро иҷро накарданд.”

Сафарализода Тоҷиддин ва Сафаров Ҷумахон бар асоси моддаи 247, қисми 3, банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қаллобӣ айбдор мешаванд. Ба онҳо бар асоси ин банди қонун ҷарима ваё аз то 8 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад. Вале таҷрибаи судӣ  дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки мансабдорони барои заминфурӯшӣ ба даст афтода дар аксари мавридҳо бо пардохти ҷарима аз ҷавобгарӣ халос мешаванд.

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон  ҳафтаи гузашта аз анҷоми тафтиши парвандаи Саъдулло Ҳасанзода, раиси ҳамакнун собиқи ҷамоати деҳоти Норини ноҳияи Ёвон хабар дода буд.

Маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсия гуфт, ки раиси ҷамоати Норин аз шаҳрвандон бо ваъдаи ҷудо кардани қитъаи замин 26 ҳазор сомонӣ талаб карда, гирифтааст.

Фурӯши қитъаҳои замин барои сохтани хонаи истиқоматӣ ваё иншооти тиҷоратӣ  дар Тоҷикистон ба яке аз риштаҳои аз ҳама фасодзада табдил ёфтааст. Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, танҳо дар нимаи аввали соли 2021 мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  қариб 9 ҳазор гектар қитъаи замини ғайриқонунӣ тақсимшударо “ба ҳолати аввалааш баргардонданд.”

Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон Ориф Хоҷазода моҳи июл  дар нишасти хабариаш эътироф кард, ки “замин имрӯз мавзӯи баҳси рақами 1 шудааст. Мо кормандони беинсофро аз кор меронем ва ҷазо медиҳем. Аз тарафи дигар, кадрҳои бовиҷдон ва саводнок намерасанд.”

Ориф Хоҷазода гуфт, дар мақомоти прокуратура дар робита ба муомилоти ғайриқонунӣ бо қитъаҳои замин 134 парванда боз шуда, дар ин парвандаҳо номи 11 корманди кумитаи замин, 40 корманди корхонаи “Сабти амволи ғайриманқул” ва 15 заминсозони ҷамоатҳо зикр мешаванд.Ӯ хабар дод, ки ахиран 8 раиси кумитаҳои идораи замини маҳаллӣ ва 9 директори корхонаҳои фаръии “Сабти амволи ғайриманқул” барои роҳ додан ба қонуншиканӣ аз мансабҳояшон барканор шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button