ВидеоДин ва боварҳоҶомеа

КУШТОР ДАР РӮИ ҶОЙНАМОЗ

Бино ба иттилои манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод”, шаби 3 декабр Ҳоҷӣ Баҳрибой Тӯпалов, сокини 64-солаи деҳаи Пушти Қӯрғони ҷамоати Моғиёни шаҳри Панҷакентро ҷияни худаш Абдурашид Оймаҳмадов бо як бераҳмии махсус дар болои ҷойнамоз ба қатл расондааст.

“Ҳодиса  тақрибан соати даҳи шаби 3 декабр дар хонаи духтари Ҳоҷӣ Баҳрибой, ки ҳамсари бародари Абдурашид буд, рӯй додааст. Абдурашид, ки дар ҳолати мастӣ қарор дошт, вақти намози хуфтанро хондани тағояш ба вай аз пушт ҳамла оварда, Ҳоҷиро аз пой меафтонад ва бо мушту лагат гардану қабурғаҳои мӯсафедро мешиканад. Танҳо баъди ин Абдурашид баромада, хабар медиҳад, ки мурдаи Ҳоҷӣ Баҳрибойро бигиред”,  – нақл кард як сокини деҳаи Пушти Қӯрғон ба пойгоҳи “Бомдод”.

Абдурашид Оймаҳмадов, соли таваллудаш 1991, ҳоло дар тавқифгоҳи ШВКД шаҳри Панҷакент қарор дорад. Ба зидди ӯ бар асоси моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба ӯ барои қатли тағояш то 15 соли зиндон таҳдид мекунад, вале агар ин куштор бо бераҳмии махсус ҷамъубаст шавад, он гоҳ қотилро то 25 сол ҳукми зиндон мунтазир аст.

Ба гуфтаи ҳамдеҳагон, Абдурашид дар ягон ҷо кор намекард ва зиёд машрубот менӯшид.

“Ҳоҷӣ Баҳрибой як одами хоксор ва диндор буд ва бо деҳқонӣ рӯзашро пеш мебурд. Он кас, ҳарчанд ба Абдурашид тағои ӯгай мешуд, вале ҳамеша ӯро насиҳат мекард, ки шаробнӯширо бас кунад, ба роҳи рост пой монад. Абдурашид чанд дафъа ба духтари Ҳоҷӣ Баҳрибой, ки ҳамсари бародараш ҳам буд, гуфта будааст, ки ҳамин насиҳатҳои падарат ҳеҷ намефорад ба ман, кадом рӯз падари насиҳатгаратро мекушам барои насиҳатҳояш”, – нақл карданд сокинони Пушти Қӯрғон дар суҳбат бо “Бомдод”.

Мақомоти Панҷакент ин ҳодисаро ҳанӯз шарҳ надодаанд. Вале маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 6 декабр хабар дод, ки:

Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини шаҳри Панҷакент, бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг гардидааст, дастгир карда шуд.
Номбурда, 3-юми декабри соли 2021, тахминан соати 21:00, ҳангоми дар ҳолати мастӣ қарор доштанаш бо амакаш марди 65-солаи сокини ҳамон ҷо ҷангу ҷанҷол намуда, бо дасту пояш ба аъзои баданаш зада ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида дар беморхона вафот намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 3 Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Вақтҳои охир аз Тоҷикистон дар бораи куштор ё қасди куштори хешовандони наздик хабарҳо зиёд ба даст мерасанд. Танҳо дар моҳи ноябр ВКД дар бораи 7 чунин ҷинояти сангин хабар дод. Дар 3 маврид шавҳарон қасди ҷони завҷаҳояшонро карда, дар як маврид баракс як зан шавҳарашро бо табар кушт. Дар як мавриди дигар келини хонавода хушдоманашро бо зарбаи корд ба ҳалокат расонд ва рӯзи 26 ноябр як зани 29-солаи сокини ноҳияи Сангвор з сабаби муноқишаи оилавӣ, модарандари 43-солаашро бо роҳи фиреб ба назди соҳили дарёи Хингоб бурда, ӯро ба дохили дарё тела намудааст. Дар натиҷа ҷабрдида ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.

Ҳамин тавр, як ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров рӯзи 29 ноябр дар хонаашон бо падари 47-солааш муноқиша намуда, ӯро бо 7 зарбаи корд ҷобаҷо куштааст.

Дар ҷомиаи мусалмонии Тоҷикистон одамкушӣ ба сари худ як гуноҳи кабирӣ шумурда мешавад ва куштани хешовандони наздик, бахусус падар ё модар, гуноҳест сахт нобахшиданӣ. Ҷомиашиносон дар вақтҳои охир афзудани мавридҳои даст ба ҷони наздикони худ задан дар Тоҷикистонро ба уфти арзишҳои ахлоқӣ дар байни мардум рабт медиҳанд. Рӯҳониён дур шудан аз таълимоти илоҳӣ ва дину диёнатро дар ин тамоюли манфӣ муқассир мешуморанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button