ВидеоТаърихТоҷикистон

ҲУКМИ ДУ “БОЕВИК”-И ДАСТАИ ТОШЕВ БАРОИ ҶИНОЯТҲОИ СОЛҲОИ ҶАНГ

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 26 октябр ду сокини Турсунзода Исмоил Самиев ва Рамазон Муродовро барои даст доштан дар чанд мавриди одамкушӣ ва роҳзанӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ 15-солӣ аз озод маҳрум кард. Ҳукми худро ҳарду ҷангҷӯ (боевик) -и собиқи дастаи Тошев Рамазон  дар маҳбаси низомаш сахт адо хоҳанд кард.

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, парвандаи ин ду ҷангии собиқ бар асоси Кодекси ҷиноятии таҳрири соли 1961 баррасӣ шудааст.

Бино ба маводи парванда,  Самиев Исмоил Ҳалимович ва Муродов Рамазон Нарзуллоевич дар давоми солҳои 1996-1998 ба дастаи муташакили Тошев Рамазон, ки дар деҳаи Қушбулоқи колхози Дӯстии шаҳри Турсунзода ҷойгир буд,  шомил шуда, бо силоҳҳои гуногуни оташфишон мусаллаҳ гардида, ҷиноятҳои махсусан вазнин аз қабили бандитизм, роҳзанӣ ва куштори қасдонаро содир намудаанд. Тошев Рамазон як фармондеҳи собиқи Фронти халқӣ дар Турсунзода буд, ки ба Ибод Бойматов, мулаққаб ба Кали Ибод, яке аз бераҳмтарин фармондеҳони Фронти халқӣ дар водии Ҳисор дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон итоат мекард. Кали Ибод баъдан ба ошӯби полковник Маҳмуд Худойбердиев пайваста, аз Тоҷикистон фирор кард ва чанде баъд ҷасади тирхӯрдаашро дар марзи Ӯзбекистон бо Тоҷикистон пайдо карданд.

Маркази матбуоти Додситонии кул яке аз ҷиноятҳои ин ду ҷангҷӯро чунин тасвир кардааст: “14 августи соли 1997 тахминан соати 23-00 Самиев И.Д. аз рӯи маслиҳати пешаки бо ҳаммаслаконаш Шукуров М., Салоҳов И.У., Муродов Р.Н. ва Ҳайдаров А.М. бо силоҳи оташфишони тамғаи «Калашников» мусаллаҳ шуда, бо автомашинаи тамғаи ВАЗ- 21011 таҳти идораи Муродов Р.Н. ба деҳаи Кирови колхози Дӯстии шаҳри Турсунзода ба хонаи Ашӯров Чӯпонқул ва Ашӯров Валиҷон омада, бо таҳдиди куштан аз онҳо маблағи пулӣ талаб намудаанд. Модари Ашӯровҳо – Ашӯрова Нуқра аз дохили хона 1.200 доллари ИМА ва 700.000 рубли тоҷикӣ бароварда, ба Самиев И.Д. додааст, вале номбурдагон бо мақсади ошкор нашудани ин кирдорашон куштори қасдонаи фарзандони ин хонадон Ашӯров Чӯпонқул ва Ашӯров Валиҷонро бо истифода аз силоҳи оташфишон бо бераҳмии махсус содир намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.”

Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон соли 1992 оғоз ёфта, соли 1997 бо имзои созишномаи сулҳ байни ҳукумат ва Иттиҳоди нирӯҳои мухолифин ба анҷом расид. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон  ҳазорон нафар аз сокинони осоишта қурбони ҳамлаҳои раҳзанонаи ҷангҷӯёни мусаллаҳ аз ҳарду тарафи ҷанг шуданд. Ҷамъи умумии қурбониёни ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро то 100 ҳазор нафар баровард мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button