ВидеоХабарҳои кӯтоҳҶомеа

ҲАМСАРАШРО БО БАНД БУҒӢ КАРДА КУШТ ВА ҶАСАДАШРО ТАГИ ҚУМ ПИНҲОН КАРД…

Сокини 28-солаи  ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони қатли бераҳмонаи ҳамсари ҷавонаш боздошт шудааст. ВКД мегӯяд, ки ин мард рӯзи 4 декабр, тахминан соати 11:00, дар ошёнаи 8-уми бинои сохтмонаш нотамом дар кӯчаи Айнии пойтахт, ҳамсараш, зани 22-солаи сокини ноҳияи Файзободро аз сабаби муноқишаи оилавӣ бо банд бӯғӣ карда, ба ҳалокат расондааст ва сипас ҷасади ҳамсарашро дар таги қум пинҳон намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Ба ин мард акнун барои одамкушӣ то 15 соли зиндон таҳдид мекунад. Дар як моҳи охир ин алакай ҳаштумин мавриди қатли хешовандони наздик дар Тоҷикистон аст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 6 декабри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Куштори зани 22-сола аз ҷониби шавҳар

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 4-уми декабри соли 2021, тахминан соати 11:00, дар 8-ум ошёнаи бинои сохтмонаш нотамом, воқеъ дар кӯчаи Айнии пойтахт, ҳамсараш зани 22-солаи сокини ноҳияи Файзободро аз сабаби муноқишаи оилавӣ бо банд бӯғӣ карда, ба ҳалокат расонида, баъдан дар таги қум пинҳон намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Илова аз “Бомдод”: Ба ин мард акнун барои одамкушӣ то 15 соли зиндон таҳдид мекунад. Дар як моҳи охир ин алакай ҳаштумин мавриди қатли хешовандони наздик дар Тоҷикистон аст. Дар чор ҳолат шавҳарон  ва асосан бо роҳи буғӣ кардан даст ба куштори ҳамсарони худ зада, дар як мавриди дигар зан баракс шавҳарашро бо 4 зарбаи табар куштааст.

Ошкор гардидани якчанд ҳолати дуздӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Варзоб бо ариза марди 45-солаи сокини ҳамин ноҳия, муроҷиат намудааст, ки 11-уми декабри соли 2020, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 2-адад гушвори тиллоӣ ва 1-адад компютерро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 11 ҳазору 250-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 24-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ, дастгир карда шуд.
Инчунин марди 28-солаи сокини ноҳияи Вахш бо ариза ба ШВКД-и ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 2-юми декабри соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз оғилхонаи манзили истиқоматиаш 5-сар чорвои майдаи шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 7 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ, ба ШВКД дар ноҳияи Вахш бо ариза марди 36-солаи сокини ҳамин ноҳия муроҷиат намудааст, ки 20-уми ноябри соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз чарогоҳи деҳаашон 7-сар чорвои майдаи шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон ба ШВКД дар ноҳияи Вахш бо ариза марди 28-солаи сокини ҳамин ноҳия муроҷиат намудааст, ки аввалҳои моҳи ноябри соли 2021 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз чарогоҳи деҳаашон 5-сар чорвои майдаи шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-сола ва марди 33-солаи сокини ноҳияи зикргардида, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button