ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ДУ ПИЁДАГАРД ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ “ЛЕКСУС” ВА “ТОЙОТА” ДАР ДАНҒАРА ВА ХУРОСОН

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки шаби 4 декабр, тахминан соати 20:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Лексус-400”, Мирзоев Мирзо Қурбонович, соли таваллудаш 1960, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Муъминобод ба самти шаҳри Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Данғара, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Сайфуллоева Маъзам Убайдуллоевна, соли таваллудаш 1963, сокини ноҳияи зикргардидаро пахш намудааст. Дар натиҷа, Сайфуллоева М.У. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса  ҷон бохтааст.

Ҳамчунин, субҳи 4 декабр, тахминан соати 09:10, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Ярис”, Умарова Хайринисо Ҳайталиевна, соли таваллудаш 1973, сокини шаҳри Бохтар, ҳангоми ҳаракат аз тарафи шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Хуросон, пиёдагард Назаров Гулмурод Баротович, соли таваллудаш 1960, сокини ноҳияи Кӯшониёнро пахш намудааст.
Дар натиҷа, Назаров Г.Б. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо роҳҳои хатарнок ба шумор мераванд. Дар умум ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои ҷумҳурӣ садҳо нафар ҳалок ё маҷруҳ мешаванд. Дар соли 2020 бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон 375 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 нафар маъюб шудаанд. Бино ба охирин омори расмӣ, дар 9 моҳи аввали соли 2021 дар 787 садама дар роҳҳои Тоҷикистон 290 нафар ҳалок ва 869 нафар маҷруҳ шудаанд. Ҳафтаи гузашта дар бораи ҳалокати чор тифли хурдсол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон гузориш шуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button