ВидеоҲодиса

ВАЛЕРИЙ САРИЧЕВ: “ПОМИР” ИМРӮЗ МЕТАВОНИСТ ДАР ЛИГАИ ОЛИИ РУСИЯ БОЗӢ КУНАД

Дастпарвари шуҳратёри футболи Тоҷикистон Валерий Константинович Саричев, ки 30 сол боз дар Корея ба сар мебарад, дар мусоҳиба бо пойгоҳи варзишии ”sportbox.ru”  аз Тоҷикистон, ки дар онҷо ба дунё омадаву ба воя расид ва ҳамчун дарвозабон ном баровард, ба некӣ ёд кардааст. Саричев гуфт, бори охир соли 1991 аз Тоҷикистон дидан кардааст: “Соли 1991 бо “Торпедо” барои бозӣ бо “Помир” рафта будам. Чандин бор ба онҷо даъватам карданд, вале рафта натавонистам.”

Саричев, ки 12 январи соли 160 дар Душанбе ба дунё омадааст, нақл кард, ки дар хурдӣ ба мактаби мусиқӣ мерафт ва дарси ғижжак (скрипка) меомӯхт. “Мактаби мусиқиро тамом ҳам кардам. Вале ба имтиҳони хатми мактаб нарафтам. Ба худам гуфтам: “Чӣ даркор?” Скрипкаро ба як ҳамсинфам туҳфа кардам ва дигар ин созро ба даст нагирифтам. Пеши пианино ҳам нарафтам дигар. Вале мусиқиро дӯст медорам. Бахусус мусиқии рокро. Ва як маҷмӯаи бузурги пластинкаҳои винил ҳам ҷамъ овардаам. То ҳол гоҳо намунаҳои нодире пайдо мекунам”, – нақл кардааст ӯ.

Валерий Саричев ба ҷои мусиқӣ футболро интихоб кард ва муваффақ ҳам шуд.Ӯ дар мактаби варзишии “Захираҳои меҳнатӣ (СДЮШОР “Трудовые резервы”) машқ мекард ва соли 1978, вақте ҳамагӣ 18 сол дошт, ба ҳайъати “Помир” (Душанбе) –  тими асосии Тоҷикистон даъват шуд. Алакай соле баъд Владимир Тростенюк аз “Помир” ба “Карпати” рафт ва Саричев дарвозабони асосии даста шуд. Дастаи пойтахти Тоҷикистон он солҳо яке аз дастаҳои қавии лигаи якум ба шумор мерафт ва алакай барои роҳхат ба лигаи олии футболи СССР муборизаро сар карда буд.

 “Лозим ба зикр аст, ки сатҳи лигаи олии он даврон аз лигаи якуми имрӯзаи Русия хеле ҷиддитар буд. Он “Помир” бо бозигароне, чун Эдгар Гесс, Валерий Турсунов, Геннадий Черевченко, Алексей Чередник, ки соли 1988 чемпиони олимпӣ шуд, имрӯз метавонист баҳузур дар лигаи олии футболи Русия бозӣ кунад”, – гуфт Валерий Саричев дар суҳбат бо”sportbox.ru”.

Дар давраи Саричев, “Помир” соли 1979 дар лигаи якум ҷои сеюм ва соли 1980 ҷои чорумро ба даст овард. Баъди он Саричев дигар натавонист ба “Помир” кумак кунад, чунки баробари хатми Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, ӯро ба хидмати ҳарбӣ даъват карданд ва ӯ то соли 1982 дар дастаи ЦСКА (Москва) “хидмат” кард. Баъди анҷоми хидмати ҳарбӣ Саричевро ба дастаи “Торпедо” (Маскав) даъват карданд ва ӯ аз соли 1982 то 1991  дар ҳайъати “Торпедо” ҳунарнамоӣ карда, соли 1986 Ҷоми СССР  ва солҳои 1988 ва 1991 медали биринҷии чемпионати Шӯравиро ба даст овард. Саричев ҳамин тавр, соли 1990 ба рӯйхатти ифтихории 33 футболбози беҳтарини СССР шомил шуда, соли 1991 беҳтарин дарвозабони чемпионати СССР дониста шуд ва ҳамчунин барои  дар 100 бозӣ  ягон гол сар надоданаш ба Клуби Лев Яшин шомил шуд.

Соли 1991 Валерий Саричев ба Корея рафта, то соли 2005, яъне то синни 45 (!!!) дар дастаҳои гуногуни он кишвар ҳунарнамоӣ кард. Саричев 4 маротиба чемпиони Корея шуда, соли 1996 Ҷоми чемпионҳои Осиё ва Шоҳҷои Осиёро ба даст овард ва соли 2000, вақте алакай 40 сол (!!!) дошт, ҳамчун довталаб барои дарвозабонии тими миллии Корея арзёбӣ мешуд, чунки ӯ соли 1999 шаҳрвандии Кореяро ба даст оварда, номашро ҳам ба Шин Ий Сон иваз кард.

 Мухлисон ба ман лақаби Шин Ий Сон доданд, ки маънояш Дасти Худост. Маро дар Корея асосан бо ҳамин ном мешиносанд”, – мегӯяд худи Саричев.

Баъди хатми собиқаи футболбозӣ ҳам ӯ дар Корея монд ва  ҳамчун мураббии дарвозабонҳо кор мекунад.

Саричев соли 1997, вақте ки тими миллии Тоҷикистон дар меҳмонӣ бо Корея бозӣ мекард, дар ҳайъати тими Тоҷикистон як дафъа ба майдон баромад. Ӯ як духтар ва як писар дорад. Духтараш дар Канада ва писараш гоҳ дар Амрикову гоҳ дар Олмон ба сар мебарад.

Дар мусоҳиба бо ”sportbox.ru” Саричев хабар дод, ки тоза рӯзи 29 ноябр сармураббии дастаи “Сеул” Ан Ик Су ӯро ба ҳайси мураббии дарвозабонҳо ба кор даъват кард. “Ман розӣ шудам”, – гуфтааст Саричев, ки моҳи январ ба синни 63 қадам мегузорад.

Матни пурраи мусоҳибаи Валерий Саричевро метавонед дар суроғаи зер бихонед:

Валерий Сарычев — Рука Бога. В воротах со сломанными кистями

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button