ВидеоМуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

ТАРАФИ МАСКАВ МЕРАФТУ ГУМ ШУД… АБДУРАУФРО ЯК СОЛ БОЗ ҶУСТУҶӮ ДОРАНД

Дар ин акс Абдуғаффоров Абдурауф Абдуҳамидовичро мебинед. Ӯ 10 ноябри соли 1983 ба дунё омадааст. Дар Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ноҳияи Б.Ғафуров, ҷамоати Ғозиён, кӯчаи С. Рустамов, 84 зиндагӣ мекард.

Абдурауф дар аввали соли 2020 ба Русия ба муҳоҷирати корӣ рафт. Аввал дар Санкт-Петербург кор мекард ва сипас ба вилояти Маскав рафт ва дар шаҳораки Леснойи ноҳияи Пушкин кору зиндагӣ мекард. Тахминан моҳи ноябри соли 2020 Абдурауф ба тарафи Маскав рафт, бо ҳамин беномунишон шудааст.

Аҳли хонаводаи Абдурауф аз ҳамаи онҳое, ки ӯро дидаанд ва дар бораи куҷо буданаш маълумоте доранд, хоҳиш мекунанд, ки бо онҳо тамос бигиранд. Аз ҳамаи ҳамватанони азиз ҳамчунин хоста мешавад, ки ин эълонро ҳар куҷое, ки метавонанд паҳн кунанд.

Абдурауфро дар хона модар, ҳамсар ва фарзандонаш бесаброна мунтазиранд…

Телефон барои тамос дар Маскав: +7 977 684 35 65
Телефон барои тамос дар Тоҷикистон: +992 918 75 88 52

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button