ВидеоХабарҳои кӯтоҳҶомеа

СОКИНИ ШАҲРИНАВ ҲАМДЕҲААШРО БО ТАБАР КУШТА, СИПАС ӮРО ОТАШ ЗАДААСТ

Марди 49-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав ба он муттаҳам мешавад, ки рӯзи 3 декабр, тахминан соати 11, дар ҳудуди деҳаашон бо марди 45-солаи ҳамдеҳааш ҷанҷол карда, ба гардани ӯ як зарбаи табар задааст ва сипас онро мардро оташ задааст. Тафсилоти дигари ҳодиса  ва сабаби ин муноқишаи маргбори ду ҳамдеҳа ҳанӯз дастрас нест. Ба марди дастгиршуда аз 8 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

хххххххххх
Ду сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба он гумонбар мешаванд, ки шаби 2 ба 3 октябр аз оғили сокини 46-солаи ин ноҳия говашро дуздида, ба вай 3200 сомонӣ зарар расондаанд.

Аз навори хабарҳои рӯзи 4 декабри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ошкор гардидани ҷинояти одамкушӣ бо истифода аз табар

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 49-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ, дастгир карда шуд. ВКД гуфт, номбурда, 3-юми декабри соли 2021, тахминан соати 11.00, дар ҳудуди деҳаашон бо марди 45-солаи сокини ноҳияи мазкур ҷангу ҷанҷол карда, бо табар 1-маротиба ба гарданаш зада, баъдан охиронро оташ зада, ба ҳалокат расонидааст. Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Аз “Бомдод”: Тафсилоти дигари ҳодиса  ва сабаби ин муноқишаи маргбори ду ҳамдеҳа ҳанӯз дастрас нест. Ба марди дастгиршуда аз 8 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад. Вале агар ин куштор ҳамчун куштор бо бераҳмии махсус ҷамъубаст шавад, ба ӯ аз 15 то 25 соли зиндон таҳдид хоҳад кард.

Кушода шудани ҷинояти дуздии чорво

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза марди 46-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 2-юм ба 3-юми октябри соли 2021, тахминан соати 01.30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили оғилхонааш 1-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 3 ҳазору 200-сомониро ташкил медиҳад.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 30-сола ва 26-солаи сокинони ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони содир намудани ҷинояти мазкур, дастгир карда шуданд.
Оид ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button