ВидеоМуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

МАРГИ ФОҶИАВИИ ҶАВОНЗАНИ ТОҶИК МАЛОҲАТ РАҲИМОВА БАР АСАРИ ТӮФОН ДАР ТУРКИЯ

Малоҳат Раҳимова, санаи таваллудаш 20 ноябри соли 1990, шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ноҳияи Эсенюрт дар канори шаҳри Истанбули Туркия кору зиндагӣ мекард, рӯзи душанбеи 29 ноябр, бар асари тӯфони шадиди харобиоваре, ки ба устони Истанбул ва дигар қисматҳои Туркия асобат кард, ба таври фоҷиавӣ ба ҳалокат расидааст. Ҳоло ҷамъияти тоҷикони Туркия хешовандони ин ҷавонзани ҷавонмаргро ҷустуҷӯ доранд, то ҷанозаашро барои дафн ба Ватан бифиристанд.

Бар асари тӯфони рӯзи 29 ноябр дар Туркия дасткам 6 нафар ба ҳалокат расида, ҳудуди 70 нафар маҷруҳ шуданд. Тӯфони шадид даҳҳо роҳу пул ва садҳо хонаро хароб карда,  бомҳои хонаҳои зиёдеро канда, ба замин андохт.

Бино ба гузориши нашрияи туркии Kadınadair Gazete, тақрибан дар нимаи рӯзи 29 ноябр, яке аз чунин бомҳои бар асари тӯфон кандашуда дар кӯчаи Истиқлоли маҳаллаи Кирачи ноҳияи Эсенюрт рост ба болои шаҳрванди Тоҷикистоня Малоҳат Раҳимова афтодааст.

Гуфта мешавад, Малоҳат, ки дар Эсенюрт кору зиндагӣ мекард, ба хотири паноҳ бурдан ба ягон макони амн аз тӯфони харобиовар дар ҳамон лаҳзае, ки бом канда шуд, ба бахти бадаш дар кӯчаи Истиқлол аз роҳ мегузашт. Лаҳзаи ба болои муҳоҷирзани тоҷик афтодани бом ба дурбини видеокамераҳои назоратӣ низ афтодааст.

Ҳамагӣ 9 рӯз қабл аз ин фоҷиа Малоҳат Раҳимова зодрӯзи 31-умашро ҷашн гирифта буд.

Дар бораи Малоҳат Раҳимова ва инки ӯ дар ин ноҳияи воқеъ дар канори Истанбул дар қисмати аврупоии Туркия ба чӣ кор машғул буд?, маълумоте дар даст нест. Дар бораи хешовандони ӯ дар Тоҷикистон низ мутаассифона, маълумоте нест.

Ҳоло ҷамъияти тоҷикони Туркия хешовандони ӯро дар Тоҷикистон ҷустуҷӯ доранд, то ҷанозаашро барои дафн ба Ватан бифиристанд.

Аз ҳамаи онҳое, ки ин ҷавонзани ҷавонмаргро мешиносанд, хоҳиш мешавад, ки бо ин рақам тамос бигиранд:

+90 555 100 86 87

Аз ҳама хоҳиш мекунем, ки ин хабарро дар ҳар куҷо, ки метавонед, бознашр кунед, то ки хешовандони  Малоҳати ҷавонмаргро зудтар пайдо кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button