ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МАРГИ БОЗ ЯК ТИФЛИ ХУРДСОЛ ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ МОШИН

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки шоми 3 декабр, тахминан соати 17:10, ронандаи мошини боркаши тамғаи «Дулан Шакман», Давлатов Илҳом Маҳмуродович, соли таваллудаш 1969, сокини ноҳияи Ёвон, ҳангоми ҳаракат дар  ҳудуди ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол, Сулаймонов Абдураҳмон Комилҷонович, соли таваллудаш 2020, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст. Дар натиҷа, кӯдак ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Дар як ҳафтаи охир ин алакай чорумин кӯдаки хурдсол аст, ки бар асари садамаҳои нақлиётӣ ғӯрамарг шуданд.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон қаблан хабар дод, ки рӯзи 1 декабр дар ду садама дар Панҷакент ва Мӯъминобод ду кӯдак бар асари садамаҳои нақлиётӣ ба ҳалокат расиданд.

 Аз ҷумла нимаи дуюми рӯзи 1 декабр дар Панҷакент як духтари нӯҳсола зери чархи мошини “Жигули” монда, дар роҳ ба беморхона ҷон додааст. Ҳамчунин, соати якуними шаби 1 декабр дар Мӯъминобод бар асари ба ҳам бархӯрдани ду “Опел Астра” як духтарчаи дусола  ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар беморхона ҷон бохтааст.

Ҳамин тавр,  шоми 27 ноябр дар ҳудуди деҳаи Намунаи  ноҳияи Қубодиён як кӯдаки яксола  зери чархи мошини “Опел-Вектра” монда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо роҳҳои хатарнок ба шумор мераванд. Дар умум ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои ҷумҳурӣ садҳо нафар, аз ҷумла даҳҳо кӯдак, ҳалок ё маҷруҳ мешаванд. Дар соли 2020 бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон 375 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 нафар маъюб шудаанд. Бино ба охирин омори расмӣ, дар 9 моҳи аввали соли 2021 дар 787 садама дар роҳҳои Тоҷикистон 290 нафар ҳалок ва 869 нафар маҷруҳ шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button