ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАБСИ ДУ РОНАНДА БАЪДИ МУНОҚИША БАРОИ “АВВАЛУ ПЕШТАР ГИРИФТАНИ МУСОФИРОН”

Маркази матбуоти РВКД Душанбе  хабар дод, ки  бо қарори додгоҳ ду ронандаи нақлиёти мусофиркаш, ки барои кӣ аввалу пештар мусофиронро мегирад?” муноқиша карда буданд, бар асоси моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдаавбошӣ гунаҳкор дониста шуда, ҳар кадом ба 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум карда шуданд.

Бино ба иттилои милитсияи пойтахт, Амиршоев Маҳмадзокир Маҳмадраҳимович, санаи таваллудаш 22.10.1987, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Саҳбо, ронандаи хатсайри №67 ва Шамсиддинов Ҷаҳонгир Насриддинович, санаи таваллудаш 5.12.1999, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Амиршоев, донишҷӯи соли чоруми риштаи тиббӣ-байтории Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, ронандаи нақлиёти мусофиркаши тамғаи “Старекс”, субҳи 1 декабр, тахминан соатҳои 6.50 дар хиёбони Рудакӣ, назди бинои 160 байни ҳам муноқиша намуда, бо овози баланд доду фиғон ва шаъну шарафи ҳамдигарро бо дашномҳои қабеҳ паст зада, осудагии шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудаанд.
 “Дар натиҷа, ҳарду ронандагон дар ҷои ҳодиса аз ҷониби кормандони милитсия боздошт ва ба мақомоти корҳои дохилӣ дастрас карда шуд.  Зимни санҷиш ва пурсиши номбурдагон муайян гардид, ки ҳарду дастгиршудагон ҳангоми қарордошт дар истгоҳи охирини хатсайри №67 бо сабаби «кӣ аввалу пештар мусофиронро мегирад?» байни ҳамдигар муноқиша намуда, бо озори лафзии ҳамдигар тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд”,  – гуфта мешавад дар иттилоияи милитсияи пойтахти Тоҷикистон.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button