ВидеоҲуқуқи инсон

ВАЗОРАТИ МУДОФИА: ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА АНҶОМ РАСИД, ВАЛЕ…

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 30 ноябр даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, ки  аз 1 октябр сар шуда буд, пурра ба анҷом расид. Вале, афзудаст маркази матбуоти вазорат, “тибқи моддаи 28-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, шаҳрвандони синни даъватӣ дар асоси қарори раисони шаҳру ноҳияҳо бо мақсади омӯзиш бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон то оғози даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ба комиссариати ҳарбии маҳалли истиқомат даъват карда мешаванд.”

Вазорат шарҳ надодааст, ки оё ин ба маънои тамдиди муҳлати даъват дар минтақаҳоест, ки нақшаро иҷро карда натавонистанд ё чӣ?

Вазорати мудофиа гуфт, ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон: нахуст дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Душанбе ва сипас дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилоятҳои Суғду Хатлон  нақшаи даъватро иҷро кардаанд.

Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27 сола, ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ду мавсим ҷараён мегирад. Даъвати баҳории шаҳрвандон ба саффи Қувваҳои Мусаллаҳ аз 1 апрел то 31 май ва  даъвати тирамоҳӣ аз 1 октябр то 30 ноябр идома меёбад.

Вазорати мудофиа бо изҳори сипос ба мақомоти шаҳру ноҳияҳои пешсаф ва волидоне, ки фарзандонаш ихтиёрӣ ба хидмати артиш рафтанд, гуфт, “дар он шаҳру ноҳияҳое, ки масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар доираи маъёри қонунҳои амалкунанда, бо мардум ҳамкории зичро ташкилу ба роҳ мемонанд, дар чунин минтақаҳо дар самти чорабиниҳои даъватӣ ва гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ монеаву мушкилот ба мушоҳида намерасад.”

Дар оғози мавсими тирамоҳӣ шикоятҳо аз “облава”, яъне маҷбуран дар кӯчаю бозорҳо доштани ҷавонони синну соли хидматӣ камтар ба даст мерасид, вале дар рӯзҳои охир чунин шикоятҳо бахусус аз шаҳру ноҳияҳое, ки нақшаро  иҷро накарданд, хеле афзуд.

Аз ҷумла аз Панҷакент хабар омад, ки донишҷӯёни коллеҷ ва донишкадаи омӯзгориро аз дарс бардошта, ба мошинҳо бор кардаанд ва ба комиссариати ҳарбӣ бурдаанд.

Аз ноҳияи Ҷомӣ хабар омад, ки мудирони мактабҳову кӯдакистонро ҳар рӯз то поси шаб дар бинои ҳукумати ноҳия нигоҳ медоранд ва то ҳадди ақал як сарбоз ёфта насупоранд,  ҷавоб намедиҳанд. Аз вилояти Суғд низ шикоятҳои зиёде расид, ки муаллимони ҷавонро аз мактабҳо бардошта, ба артиш фиристодаанд. Аз Хуҷанд ҳамчунин дар бораи ба хидмат бурдани ду варзишгар: нимҳимоятгари “Хуҷанд” Парвиз Ализода ва узви тими миллии самбои Тоҷикистон Бобохон Мирзозода хабарҳо ба даст расид. Мирзозодаро, барои мисол, рӯзи 10 ноябр, ҳамагӣ як рӯз пеш аз сафараш ба ба чемпионати ҷаҳон аз манзилаш дар шаҳри Хуҷанд  “облава” карда, ба хидмати ҳарбӣ фиристоданд. Мухлисон ин амали кормандони комиссариати ҳарбиро ҳамвазни хиёнат ба манфиатҳои кишвар маънидод карданд, чунки Бобохон Мирзозода моҳи июни соли ҷорӣ дар чемпионати Осиё дар вазни то 58 кило дар мусобиқоти самбои размӣ унвони чемпиони Осиёро ба даст оварда, шанс дошт, ки дар чемпионати ҷаҳон низ барои Тоҷикистон медал биорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button